“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки барои рушди тиҷорат миёни ду кишвар бояд раводид пурра аз байн бардошта шавад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 19-уми ноябр дар дидор бо Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонии Эрон баён дошта, изҳори таасуф кардааст, ки лағви раводид танҳо парвози Теҳрон-Душанбе ва Душанбе-Теҳронро дарбар мегирад. “Ба унвони мисол, ба […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки барои рушди тиҷорат миёни ду кишвар бояд раводид пурра аз байн бардошта шавад.

Ӯ ин нуктаро рӯзи 19-уми ноябр дар дидор бо Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонии Эрон баён дошта, изҳори таасуф кардааст, ки лағви раводид танҳо парвози Теҳрон-Душанбе ва Душанбе-Теҳронро дарбар мегирад.

“Ба унвони мисол, ба лағви раводид парвозҳои Машҳад-Душанбе ё дигар шаҳрҳо шомил намешавад. Ин дар ҳолест, ки мо ба зудӣ парвози Шероз-Душанбе­ро низ роҳандозӣ хоҳем кард”, – афзудааст Зоҳидӣ.

Ба бовари ӯ, лағви комили раводид ба беҳбуди гардишгарӣ ва рушди тиҷорат байни ду кишвар кӯмак хоҳад кард.

Сафири Тоҷикистон гуфтааст, “гарчанде ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон кам аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе доштаем ва аз соли 2020 то ба ҳол ҳаҷми тиҷорат қариб 10 баробар афзоиш ёфтааст”.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ӯ,  ин зарфият вуҷуд дорад, ки тиҷорати дуҷониба ба як миллиард доллар бирасад.

Дар ин мулоқот масоили дигаре чун имзои созишномаи имтиёзнок миёни ду кишвар ва кам кардани боҷи гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳои Эрон ба Тоҷикистонро низ баррасӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон барои 30 рӯз лағв шуд. Аммо дар марҳилаи аввали амалишавии низоми бераводид танҳо нафароне имкони сафар ба ду кишварро доранд, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз рӯзи 30-юми июн номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ карда буданд. Бар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шуда буд, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад. 

Эрон низоми раводидро бо дарназардошти чор шарт лағв карда буд:

– давомнокии будубош: 30 рӯз;

– намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

– масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

 шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ин мавод “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон” ба саволҳое, ки вобаста ба сафари бидуни раводид метавонад пайдо шавад, посух дарёфт карда метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.