Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест

Мувофиқи маълумоти СММ, тақрибан 30% заминҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолати бад қарор дошта, 95% заминҳо ба таназзул майл доранд. Дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) дар Боку бахшида ба яке аз мушкилоти муҳими экологӣ — таназзули заминҳо мизи гирд баргузор гардид. Дар он таъсири тағйирёбии иқлим ва таназзули […]

Мувофиқи маълумоти СММ, тақрибан 30% заминҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолати бад қарор дошта, 95% заминҳо ба таназзул майл доранд.

Дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) дар Боку бахшида ба яке аз мушкилоти муҳими экологӣ — таназзули заминҳо мизи гирд баргузор гардид. Дар он таъсири тағйирёбии иқлим ва таназзули заминҳо ба муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Хатари глобалӣ ва дохилӣ

Вазири кишоварзии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов нишастро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки таназзули заминҳо тақрибан 40% заминҳои кишоварзии ҷаҳонро фаро мегирад. Ҳамасола то 12 млн гектар хоки ҳосилхез нобуд мешавад.

«Ин танҳо рақам нест, балки зиндагии миллионҳо одамон аст, ки ояндаи онҳо ба ҳолати замин вобаста аст», – зикр кард вазир.

Мушкилот махсусан дар Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад. Таназзули чарогоҳҳо, буридани ҷангалҳо ва шӯршавии хокҳо аллакай ба бадшавии шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон оварда расонидааст.

Дар Тоҷикистон 95% заминҳо ба таназзул майл доранд ва 30% заминҳои кишоварзӣ дар ҳолати бад қарор доранд.

Кишварҳои минтақа дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот

Зимни конфронс иштирокчиён аз таҷриба ва ташаббусҳои мушаххас табодули назар карданд. Намояндаи Қирғизистон дар бораи оқибатҳои обшавии босуръати пиряхҳо, ки эрозияи хокро шадидтар мекунанд, инчунин доир ба барномаҳои барқарорсозии заминҳои киштшуда маълумот дод.

Ҳайати Ӯзбекистон лоиҳаеро барои истифодаи самараноки об, аз ҷумла технологияи обёрии қатрагӣ ва назорати ҳолати хокҳо пешниҳод кард. Ба ҳавзаи баҳри Арал, ки таназзули заминҳо сабаби фоҷиаи экологӣ гардид, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Мо бояд зуд ва қатъӣ амал кунем, вагарна барои наслҳои оянда танҳо биёбонҳо боқӣ хоҳанд монд», – таъкид кард вазири экологияи Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов.

Муҳоҷират – оқибати пинҳонӣ

Тавре иштирокчиён зикр карданд, таназзули заминҳо бо муҳоҷират робитаи зич дорад. Ҷавонон бо норасоии ҷойи кор ва коҳиши ҳосилнокӣ рӯ ба рӯ шуда, минтақаҳои зодгоҳашонро тарк мекунанд. Ҷараёнҳои асосии муҳоҷират аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия ва Қазоқистон равонаанд.

Иштирокчиён ба чунин хулоса расиданд, ки сармоягузорӣ ба барқарорсозии заминҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ роҳи асосии кам кардани муҳоҷират мебошад.

«Таназзули заминҳо як таҳрикдиҳандаи муҳими муҳоҷират аст, ҳарчанд таъсири он ғайримустақим бошад ҳам. Таназзули заминҳо дар якҷоягӣ бо фишорҳои афзояндаи инсонӣ, ки аз зиёдшавии шумора ва зичии аҳолӣ ба вуҷуд меояд, коҳиши дастрасӣ ба заминҳои ҳосилхез ва захираҳои об, камшавии ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво оварда мерасонад», – омадааст дар тадқиқоти СММ таҳти унвони «Робитаи таназзули заминҳо, тағйирёбии иқлим ва муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ».

Корношоямии заминҳои кишт ва чарогоҳҳо ба камшавии даромад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардида, мардуми деҳотро маҷбур месозад, ки барои кор ба хориҷи кишвар раванд.

Конфронси Боку зарурати як равиши мукаммал барои ҳалли мушкилоти таназзули заминҳоро таъкид кард. Иштирокдорони он ба мувофиқа расиданд, ки мубориза бо ин хатар талошҳои муштаракро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тақозо мекунад. Ҳифзи ҳосилнокии заминҳо – калиди ояндаи Осиёи Марказӣ ва некӯаҳволии аҳолии он мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.