Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп

Мақомоти пулис як сокини шаҳри Душанберо барои парваришу нигоҳубини шумораи зиёди асп боздошт ва ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар телеграм-канали худ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи санҷиши нозирони минтақавии шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян шудааст, ки Илҳом Баротов, сокини 35-солаи пойтахт дар маҳалаи Гулпарвар шумораи зиёди асп парвариш мекардааст. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти пулис як сокини шаҳри Душанберо барои парваришу нигоҳубини шумораи зиёди асп боздошт ва ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар телеграм-канали худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи санҷиши нозирони минтақавии шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян шудааст, ки Илҳом Баротов, сокини 35-солаи пойтахт дар маҳалаи Гулпарвар шумораи зиёди асп парвариш мекардааст.

“Нисбаташ бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолати қонуншиканӣ бартараф карда шуд”,-менависад манбаъ.

Ин банди қонунгузорӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Тоҷикистон, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда (аз 720 то 1 ҳазору 440 сомонӣ), ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда (аз 7 ҳазору 200 то 21 ҳазору 600 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мекунад. 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон бори дигар талаб кардааст, ки ки ҳар чӣ зудтар иҷроиши талаботи мазкурро таъмин намоянд. 

Ёдовар мешавем, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қаблан аз сокинон талаб карда буд, ки ба нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Ин ниҳод эълон кард, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди нави ба пойтахт пайваста, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расидааст.

Ёдовар мешавем, ки минтақаҳои нав ба Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ пайваст гардид. Қаблан дар он манотиқ сокинон ба парвариши чорво низ машғул буданд.

Як санҷиши Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 200 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот дар пойтахтро ошкор кардааст.

Аввали сол, вақте муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт поён ёфта буд, мо ба минтақаҳои ба Душанбе пайваста рафтем ва бо сокинони он суҳбат кардем. Ва дидаву шунидаи худро дар матлаби “Ҷанг” бо мурғу говҳо дар Душанбе бо чӣ анҷом меёбад? Гирд овардем, ки метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.