Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро рӯзи 28-уми декабр ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар ин хусус дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони кишвар хабар додааст. “Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 28 декабри соли 2024, соати 7-30 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад”, – омадааст […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро рӯзи 28-уми декабр ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар ин хусус дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони кишвар хабар додааст.

“Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 28 декабри соли 2024, соати 7-30 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад”, – омадааст дар хабар.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дахл намуда, дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳо, рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ паёми солонаи худро бихонад.

Илова бар ин, дар назар аст, ки рӯзи 27-уми декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин иҷлосия вакилони палатаи болоӣ қонунҳоеро, аз ҷумла “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва ҳисобдории ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи қаъри замин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, низ рӯзи 28-уми декабр, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа карда буд. Аз 30 то 40 дарсад боло бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024, таъкиди хидматҳои соҳибкорони кишвар дар бунёди макотибу роҳҳо ва муҳоҷирату паёмади пазируфтани шаҳрвандии кишвари дигар аз муҳимтарин нукоти паёми қаблии раисҷумҳур буд.

Ӯ ҳамчунин аз дастовардҳое, ки кишвар дар солҳои охир ноил шудааст, гуфта буд. Ҳамзамон, ӯ аз мушкилиҳои соҳа ёдовар шуда, барои ҳалли онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта буд.

Раисҷумҳур таъкид карда буд, ки бартараф кардани камбудиҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз вазифаи муқаддаси ҳар як роҳбар мебошад, новобаста аз он ки онҳо аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ ё фаъолон бошанд.

Ӯ ҳамзамон зикр кард, ки дар шароити таҳдидҳо ва ноустувории ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бояд муттаҳид бошад ва ҳамаи талошҳо бояд ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди кишвар равона карда шаванд.

Дар нусхаи телевизионии паём, президент масъалаи муҳоҷиратро низ баррасӣ намуда, изҳор дошта буд, ки ҳазорҳо занон ва мардони тоҷик бинобар беэътиноии роҳбарияти кишвар ба ниёзҳои онҳо, дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Аммо, дар нусхаи расмии паём ин масъала танҳо қисман дарҷ гардида, таваҷҷӯҳ ба зарурати омодасозии кадрҳои баландихтисос равона шуда буд.

Маълумоти бештар дар бораи он чӣ ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қаблӣ гуфта буд, дар маводи мо “Маош, барқ ва таърифи соҳибкорони ватандӯст. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон”, бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.