Дар Тоҷикистон хушунати ҷинсӣ нисбати занҳо коҳиш ёфтааст

Тибқи маълумоти пешакии Тадқиқоти демографӣ ва солимии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар кишвар 16 дарсад занони издивоҷкарда ба ягон намуди хушунати гендерӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли пеш 15 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудавваре бахшида ба ҷамъбасти маъракаи “16 рӯзи алайҳи […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии Тадқиқоти демографӣ ва солимии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар кишвар 16 дарсад занони издивоҷкарда ба ягон намуди хушунати гендерӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли пеш 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудавваре бахшида ба ҷамъбасти маъракаи “16 рӯзи алайҳи хушунати гендерӣ” иттилоъ дод, менависад дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилоияе, ки ба “Азия-Плюс” ирсол намуд.

“Ин пешравии назаррас натиҷаи фаъолияти муштараки мост. Шарикии пайвастаи мо барои таъмини сармоягузории ҳамаҷониба дар баробарии гендерӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳо метавонад ҳаёти занон ва духтаронро беҳтар гардонад ва рӯзномаи муштараки рушди моро пеш барад”, – зикр намудааст Дилрабо Мансурӣ.

Дар ин мизи мудаввар чаҳор самти асосии мусоидат ба баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунати гендерӣ, аз ҷумла, муҳити ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муҳим барои натоҷёфтагони хушунати гендерӣ, ҳалли меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон барои баробарии гендерӣ ва коҳиши камбизоатӣ баррасӣ гардидааст.

Парвати Рамасвамӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки “СММ ӯҳдадор аст, то соли 2030 ҳама шаклҳои хушунат зидди занону духтарон ва дигар амалҳои зарароварро қатъ кунад.

“Маъракаи “16 рӯзи фаъолият бар зидди хушунати гендерӣ” ҳар сол имконияти муҳимеро фароҳам меорад ва зарурати фаврии амал барои хотимаи хушунати гендериро таъкид мекунад”,- гуфтааст намояндаи СММ.

Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “мубориза бо хушунати гендерӣ бояд ҳамешагӣ бошад – аз ин рӯ, дар ҳоле ки 16 рӯзи амал мушкилотро таъкид мекунад, ҳалли он саъю кӯшиши устувор, ӯҳдадорӣ ва амали дастаҷамъиро 365 рӯз дар як сол талаб мекунад”.

Бояд гуфт, ки “16 рӯзи амал зидди хушунати гендерӣ”, як маъракаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи маъракаи мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ҷиҳати кам кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад. Ин маърака ҳар сол  аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио