Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки як ҳайати баландпоя ба намояндагӣ аз Дабири кулли ин созмон ба Афғонистон сафар кардааст. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин созмон рӯзи сешанбе, 17-уми январ, дар хабарномае таъкид кардааст, ки “як роҳҳали фаврӣ барои буҳрони Афғонистон бояд пайдо карда шавад”.
Бар асоси ин хабарнома, Омина Муҳаммадӣ, муовини Дабири кулли СММ, Холид Хиёрӣ, дастёри Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ ва эъмори сулҳ ва Симо Буҳус, мудири иҷрои дафтари занони СММ дар ин ҳайат ҳузур доранд.
Дар хабарномаи СММ омадааст, ки ин ҳайат то кунун ба чанд кишвари ҳамсоя, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи форс ва бархе аз кишварҳои дигар дар пайванд ба Афғонистон сафар кардааст.
Ҳомид Карзай, раисҷмҳур пешин Афғонистон бо Омина Муҳаммадӣ, муовини Дабири кулли СММ ва ҳайати ҳамроҳаш дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Гуфта мешавад, ки бо ин ҳайат Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон низ мулоқот доштааст. Дафтари ӯ гуфтааст, ки дар ин дидор дар мавриди аҳамияти ҳаётии таълим сӯҳбат шуд ва ба бозкушоии марказҳои таълимӣ ва таҳсилӣ ба рӯйи духтарон ва баргашти занон ба вазифаҳояшон таъкид сурат гирифтааст.
Карзай барои таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон гуфтумони миллиро муҳим дониста, ба оғози ҳарчи зудтари он таъкид кардааст.
Аъзои ин ҳайат пештар бо шуморе аз занони Афғонистон дар Анқара ва Исломобод, намояндагони Толибон* дар Давҳа, раҳбари созмони конфронси исломӣ ва намояндагони Бонки тавсеаи исломӣ низ дидор ва гуфтугӯ кардаанд.
Сафорати Олмон дар Афғонистон низ дар Твиттер аз сафари ин ҳайат истиқбол карда ва онро фурсате барои гуфтугӯ ва тавофуқ бар сари сиёсатҳое, ки ба нафъи мардуми Афғонистон бошад, хондааст.
Сафорати Олмон таъкид кардааст, ки ҳеҷ кишваре бо “маҳрумияти ниме аз ҷамъияташ аз зиндагии умумӣ ва иқтисод, пешрафт карда наметавонд”.
Гуфтан ба марид аст, ки Афғонистон пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ ва ба сари қудрат омадани Толибон ба вазъи душвори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ рӯбарӯ шуд. Ҳукумати сарпарасти Толибон, ки онро ҳеҷ давлате эътироф накард, аз кӯмакҳо ва ёриҳои байналмилалӣ маҳрум шуд ва тавони таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоиро аз даст дод.
Илова бар ин, вазъи ҳуқуқи башар низ дар ин кишвар рӯз аз рӯз бадтар мешавад ва Толибон махсусан барои занон маҳдудиятҳои зиёдро ҷорӣ мекунанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пайваста мавриди интиқод қарор мегирад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.