Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд

Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи кишвар ва қаҳрамони Олимпиадаи тобистонаи соли 2016 дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳамчунин, номзадии Евгений Шумарин ба ҳайси котиби генералии федератсия ва Ғайрат Неъматов ба ҳайси сармураббии дастаи миллӣ тасдиқ шудааст. Дар ин бора аз ин федератсия ба “Азия-Плюс” хабар дода, таъкид карданд, ки онҳо дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии федератсия, ки рӯзи […]

Алексей Корчагин, махсус барои "Asia-Plus"

Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи кишвар ва қаҳрамони Олимпиадаи тобистонаи соли 2016 дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳамчунин, номзадии Евгений Шумарин ба ҳайси котиби генералии федератсия ва Ғайрат Неъматов ба ҳайси сармураббии дастаи миллӣ тасдиқ шудааст.

Дар ин бора аз ин федератсия ба “Азия-Плюс” хабар дода, таъкид карданд, ки онҳо дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии федератсия, ки рӯзи 21-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, интихоб шуданд.

Манбаъ гуфт, дар ин конференсия натиҷаҳои фаъолияти солҳои 2021–2024 ҷамъбаст ва мушкилоти мавҷудаи ин соҳаи варзиш муҳокима карда шуданд. 

Ҳамчунин, роҳбари кумитаи доварони ин навъи варзиш Абдумалик Турсунов интихоб гардид. Фарҳод Кӯралов, варзишгари собиқи тоҷик, директори иҷроияи федератсия таъйин шудааст. 

Ғайр аз ин, аъзои нави Кумитаи иҷроияи федератсия интихоб шуданд. Боқиршо Боқиршоев намояндаи федератсия дар ВМКБ, Кристина Пронженко, дар вилояти Суғд, Дилшод Мамадов дар вилояти Хатлон, Хаиталӣ Мирзоев дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Надима Мирзоева раиси кумитаи занони федератсия интихоб шудаанд. 

Оксана Михаилус намояндаи варзишгарон ва Улмас Алимов намояндаи собиқадорони ин навъи варзиш интихоб шудаанд.

Гуфт ашуд, ки айни замон варзишгарони ин навъи варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои соли оянда омодагӣ мебинанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.