Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр паёми солонаи худро дар бинои нави парлумон ироа мекунад. Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” гузаронида мешуд.

Аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки як ҳафта қабл вакилони парлумон ба бинои нави Парлумони Тоҷикистон кӯчиданд ва бинои кӯҳна аллакай холӣ шудааст.

“Вакилони Маҷлиси намояндагон, дирӯз ҷасалаи сеюми худро дар бинои нави парлумон гузарониданд”,-гуфтанд дар хадамоти матбуот.

Паёми президенти Тоҷикистон, ки ҳамасола дар охири сол мегузарад, қаблан дар бинои “Кохи Сомон” мегузашт. Имсол, баъди ба истифода додани бинои нави Парлумони Тоҷикистон он бори нахуст дар бинои нав мегузарад.

Бояд гуфт, ки ки бинои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузории Чин сохта шудаанд. Чин барои сохтмони ин биноҳо ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 млрд юан (беш аз 200 млн доллар) ҷудо карда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои паём ба да палати парлумон

Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2025 муайян мешаванд.

Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон тамошо мекунанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда пахш менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 то инҷониб раиси ҷумҳур маъмулан охири моҳи декабр паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа мекунад. Танҳо соли 2020 он рӯзи 26-уми январи соли 2021 сурат гирифта буд.

Солҳои баъдӣ низ ироаи паёми солонаи сарвари давлат ба моҳи декабр баргашт. Паёми соли гузашта ҳам рӯзи 28-уми декабр ироа гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...