Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи “Azerbaijan Airlines” ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд

Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ва Грозний парвоз мекард, дастикам ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд. Яке ҷон ба саломат бурда, тақдири дуввумӣ маълум нест. Радиои Озодӣ аз онҳо Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев ном бурда, навиштааст, ки Раҳимов аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурда, аммо сарнавишти Саъдуллоев маълум нест. […]

Asia-Plus

Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ва Грозний парвоз мекард, дастикам ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд. Яке ҷон ба саломат бурда, тақдири дуввумӣ маълум нест.

Радиои Озодӣ аз онҳо Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев ном бурда, навиштааст, ки Раҳимов аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурда, аммо сарнавишти Саъдуллоев маълум нест. Ҳардуи онҳо шаҳрванди Русия будаанд.

Дар рӯйхати мусофирони парвози ширкати "Azerbaijan Airlines", ки расонаҳои Қазоқистон ва ҳам худи ширкат нашр кардааст, номи Субҳонқул Раҳимов  ва Зинатулло Саъдуллоев омадааст.

Субҳонқул Раҳимов, ки дар ин ҳодиса аз пешониаш каме осеб гирифтааст, дар наворе аз дохили ҳавопаймо, ки қабл аз суқут сабт шудааст, ором ба назар мерасад ва ба такрор калимаи шаҳодатро мехонд. Баъди афтидани ҳавопаймо Раҳимов дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, "халабон ҳалок шуд".

Сомонаи "Газета.ру" навиштааст, Субҳонқул Раҳимов, ҳамроҳ бо хонаводааш дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии ин кишварро ҳам дорад.

Екатерина Раҳимова, яке аз пайвандони Субҳонқул ба ин нашрия гуфтааст, ӯ гоҳ-гоҳ ба ватанаш Тоҷикистон меравад. Ба гуфтаи наздиконаш, Субҳонқул барои кадом кораш аз Боку ба Грозний парвоз мекард.

Субҳонқул Раҳимов зодаи деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ аст ва солҳо пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Русия кӯчидаастт.

Зинатулло  Саъдуллоев 29 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзобод аст. Ӯ аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро доштааст.

Наздиконаш дар ноҳияи Файзобод нахостаанд ин бора зиёд суҳбат кунанд, чунки бо гузашти як рӯз аз ҳодиса маълумоти аниқ надоранд. Вале тасдиқ кардаанд, ки ӯ аз Боку ба Грозний парвоз мекард.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти ин зодагони Тоҷикистон то ҳол ҳеч шарҳе надодаанд. Радиои Озодӣ талош дорад дар ин бора маълумоти бештар ба даст орад.

Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар 30 километрии минтақаи Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон суқут кард.

Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар зинда монданд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.

Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрвандони Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.

Сабаби суқути ҳавопаймо расман шарҳ дода нашудааст. Ин сабаб шудааст, ки ҳадсу гумонҳо дар бораи ин ҳодиса зиёд гардад. Бархе расонаҳо мегӯянд, ки тумани ғафс сабаби суқут шудааст. Расонаҳои дигар селаи парандаҳо ва парвози бесарнишинҳоро сабаби иваз кардани хатти парвози ин ҳавопаймо донистаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.