Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?

Asia-Plus

Шуруъ аз 1-уми январи соли 2025 ба ҳар як баста дору ва молҳои тиббие, ки ба кишвар ворид мешаванд рамзи махсуси электронӣ гузошта мешавад. Ин рамз маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таркиб, мӯҳлати истифода ва ҳаракати доруҳоро аз истеҳсол то фурӯш назорат мекунад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст, ки рамзгузории электронии дору ва молҳои тиббӣ  “бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо" оғоз мегардад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки тамғагузоро ҶДММ "Технология Групп" анҷом медиҳад ва онҳо аз ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ даъват карданд, ки бо ин ширкат барои гирифтани рамзҳои электронӣ шартнома банданд.

“Ба иштирокчиёне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебаранд, таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 онҳо бояд бо ҶДММ «Технология Групп» барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ин ниҳод ба ба ҳама иштирокчиёни раванди воридот тавсия додааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Технология Групп»  барои ба татбиқи пурраи рамзгузории электронӣ “тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

ҶДММ "Технологи Групп" соли 2021 таъсис ёфтааст. Маълум нест, ки ин ширкат ба кӣ тааллуқ дорад. Дар яке аз мақолаҳое, ки дар “Боҷу хироҷ” нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон нашр шуда, омадааст, ки роҳбари ин ширкат Ф. Файзуллозода ном шахс аст ва маҳз ҳамин ширкат рамзгузории электронии молҳои зераксизиро дар кишвар анҷом медиҳад.

 

Рамзгузории электронии дору чист?

Рамзгузории электронии дору ё молҳои тиббӣ — ин равандест, ки ба ҳар як бастаи дору рамзи рақамии махсус дода мешавад. Ин рамз маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таркиб, мӯҳлати истифода дорад ва ҳаракати доруҳоро аз истеҳсол то фурӯш назорат мекунад.

Дар бастаи дору рамзи махсус, масалан, "Data Matrix" гузошта мешавад, ки онро бо сканер ё смартфон хондан мумкин аст. Ҳамаи маълумот дар бораи рамзҳо дар низоми махсус сабт шуда, ба истеҳсолкунандагон, дорухонаҳо, мақомот ва истеъмолкунандагон дастрас аст.

Ин имкон медиҳад, ки харидор рамзро бо истифода аз замимаи мобилӣ скан намуда, аслияти доруро санҷад.

Ин низом барои муайян кардани доруҳои қалбакӣ кӯмак мерасонад. Кафолат медиҳад,  ки дору сифатнок ва бехатар аст. Ҳамчунин имкон медиҳад, ки ҳама иштирокчиёни раванд, аз истеҳсолкунандагон то дорухонаҳо, дар як низоми ягона кор кунанд.

Зимнан, ба ширкатҳо дар идора кардани таъминот ва захираҳо кӯмак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...