БАОР хавфҳои калидиро барои иқтисоди Тоҷикистон дар се соли наздик номбар кард

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) изҳор доштанд, ки хавфҳои калидӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2025-2027 ба омилҳои беруна вобастаанд. “Дар сурате, ки агар рушди сусти иқтисоди кишварҳои рушдёфта ва сустшавии рушди дарозмуҳлатии ММД-и Чин ба коҳиши бештар назаррас нисбат ба сенарияи заминавии ашёи хом оварда расонанд, Тоҷикистон ба коҳиши даромад аз содирот дучор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) изҳор доштанд, ки хавфҳои калидӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2025-2027 ба омилҳои беруна вобастаанд.

“Дар сурате, ки агар рушди сусти иқтисоди кишварҳои рушдёфта ва сустшавии рушди дарозмуҳлатии ММД-и Чин ба коҳиши бештар назаррас нисбат ба сенарияи заминавии ашёи хом оварда расонанд, Тоҷикистон ба коҳиши даромад аз содирот дучор мешавад”, – гуфта мешавад дар гузориши БАОР таҳти унвони “Пешгӯии макроиқтисодӣ барои давраи солҳои 2025-2027”.

Ҳамзамон, тибқи арзёбии муаллифни гузориш, дар сенарияи хавфнок бар асари сустшавии фаъолмандии иқтисодӣ ва заифшавии асъори миллӣ дар кишварҳои шарикони калидии рушд, метавонад интиқоли маблағҳо кам шавад.

“Дар натиҷа афзоиши истеъмоли хонаводаҳо ва фаъолмандии иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ суст мешавад”, – зикр мегардад дар гузориш.

Мутахассисони БАОР бар ин назаранд, ки поинравии эҳтимолии нархҳо ба тилло метавонад боз як омили хавфҳо барои иқтисоди Тоҷикистон шавад.

Таъкид мешавад, ки соли 2024 арзиши тилло ба таври назаррас афзуда, ҳудудҳои ниҳоии таърихиро дар давоми сол нав кард. Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои моҳи октябри соли 2024 болоравии солонаи нархҳо ба тилло ба ҳисоби миёна 41%-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 13 соли охир аст.

“Аммо поинравии арзиши тилло зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла боздошти коҳиши меъёрҳои фоизӣ аз ҷониби бонкҳои марказӣ ё сустшавии ташаннуҷи вазъи геополитикӣ имконпазир аст, – менависанд муаллифони гузориш. – Бо назардошти нисфи содироти Тоҷикистонро ташкил додани тилло, поинравии арзиши он метавонад ба коҳиши даромадҳо аз содирот боис гардад. Ин дар навбати худ, ба рушди иқтисоди кишвар таъмири назарраси манфӣ мерасонад”.

Тибқи пешгӯиҳои БАОР, дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,4% ва соли 2026 – 8,0%-ро ташкил дода, соли 2027 – то 7,4% поин меравад.

Иқтисоди Тоҷикистон пас аз сустшавии рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), тайи се соли охир тибқи маълумоти расмӣ, бо суръати кофии баланд дар ҳоли рушд қарор дорад: соли 2021 – 9,2%, соли 2022 – 8,0% ва соли 2023 – 8,3%.

Тавре ки ҳукумат қаблан пешгӯӣ карда буд, суръати рушд дар соли равон ба гумони ғолиб на камтар аз 8,5% хоҳад буд. Дар зарфи 9 моҳи аввали сол тибқи маълумоти оморӣ, суръати рушд 8,4%-ро ташкил дод.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон рӯзи 28 декабр изҳор дошт, ки соли 2025 рушди иқтисоди ҷумҳурӣ бояд на камтар аз 8%-ро ташкил диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио