Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон пагоҳ, 15-уми январ, бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар додаанд. Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён ба ғайр аз мулоқоти роҳбарони ду кишвар, инчунин, дигар вохӯриву […]

Asia-Plus

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон пагоҳ, 15-уми январ, бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар додаанд.

Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён ба ғайр аз мулоқоти роҳбарони ду кишвар, инчунин, дигар вохӯриву гуфтугӯҳо ва имзои чанд санади мухталиф дар назар аст.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

АМИТ “Ховар” менависад, дар доираи сафар баргузории Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.

Бояд гуфт, Масъуд Пизишкиён ҳамчун раисҷумҳури Эрон бори нахуст ба Тоҷикистон меояд.

Дар хусуси барномаи ин сафар муфассал дар матлаби “Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.