Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои “паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта”

Date:

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як сокини 26 солаи ин  шаҳрро барои “тамошо, дастгирӣ ва паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта” ба муддати 6 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар “Барномаи милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод.

Маҳкумшуда Акмалҷон Расулов, сокини шаҳри Хуҷанд буда, тибқи моддаи 307 иловаи 3 КҶ  ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти эксремистӣ) аз озодӣ маҳрум шудааст.

Тавре дар гузориш омадааст, Акмалҷон Расулов  тариқи шабакаҳои интернетӣ наворҳои ташкилоти фаъолияташон дар кишвар мамнуъро тамошо ва ҷонибдорӣ карда, дар як вақт тариқи саҳифаи шахсияш ба дӯстонаш тарғиб мекардааст. Мушаххас гуфта нашудааст, ки ӯ наворҳои кадом ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъро тамошо кардааст.

Акбар Шарифӣ дар барнома зикр кардааст “мурофиаи судӣ ба таври ошкор гузашт”. Аммо  назари худи Расулов, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест, ки бо ин ҳукми суд розӣ ҳастанд ё ба зинаҳои болоии судӣ шикоят мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки барои ҷонибдорӣ ва тарғиби ақадаҳои динӣ ҳамасола  даҳҳои сокинони вилояти Суғд аз озодӣ маҳрум мешаванд. Танҳо дар 6 моҳи соли гузашта Додгоҳи вилояти Суғд бо баррасии 110 парвандаи ҷиноятӣ 130 нафарро вобаста ба терроризим ва экстремизм баррасӣ кард, ки нисбати соли 2023-юм 39 адад зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...