Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд

Додгоҳ сокини шаҳри Твер Салоҳиддин Ашӯровро дар 14 ҳолати бақайдгузории қалбакии шаҳрвандони Русия гунаҳкор эътироф намуд. Ба иттилои хабаргузории “РИА Новости” бо истинод ба маводи парванда, миёни онҳо бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ҳузур доранд, ки мақомоти тафтишот онҳоро ҳаммаслакони амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” мешуморад. Салоҳиддин Ашӯров бо айби бақайдгузории қалбакӣ моҳи апрели […]

Asia-Plus

Додгоҳ сокини шаҳри Твер Салоҳиддин Ашӯровро дар 14 ҳолати бақайдгузории қалбакии шаҳрвандони Русия гунаҳкор эътироф намуд. Ба иттилои хабаргузории “РИА Новости” бо истинод ба маводи парванда, миёни онҳо бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ҳузур доранд, ки мақомоти тафтишот онҳоро ҳаммаслакони амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” мешуморад.

Салоҳиддин Ашӯров бо айби бақайдгузории қалбакӣ моҳи апрели соли 2023 ба ҳабс гирифта шуд.

Гуфта мешавад, Аминҷон ва Диловар Исломоовҳо аз 25 марти соли 2024 дар ҳабс қарор доранд.

Нахуст онҳо тибқи моддаи амали террористӣ айбдор карда шуда, моҳи сентябр ба онҳо айбномаи ҳаммаслакӣ ба содир гардидани амали террористӣ пешниҳод шуд. Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо ба иҷрокунандагони амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” хона ва автомашина додаанд.

Амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” 22 марти соли 2024 рух дода, бар асари он 145 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Хадамоти федералии амният (ФСБ) хабар дода буд, ки ба амали террористӣ гурӯҳи “Вилояти Хуросон” даст дорад. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи 27 нафари ба парванда дастдошта изҳори назар карда буд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио