То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” тавассути фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҳар ҳафта то 300 нафар аз Русия ба кишвар бармегарданд, ки аксари онҳо муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик мебошанд. Ин ҳолат то имрӯз идома дорад. Нуралӣ Ҳомидзода, директори Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, баъди ин ҳодиса ва маҳдудиятҳои нав ба муҳоҷирон дар […]

Билоли Шамс, махсус барои Asia-Plus

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” тавассути фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҳар ҳафта то 300 нафар аз Русия ба кишвар бармегарданд, ки аксари онҳо муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик мебошанд. Ин ҳолат то имрӯз идома дорад.

Нуралӣ Ҳомидзода, директори Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, баъди ин ҳодиса ва маҳдудиятҳои нав ба муҳоҷирон дар Русия сафари онҳо ба ин кишвар кам шуда, даромади фурудгоҳ 50% коҳиш ёфтааст.

Вай иттилоъ дод, ки баъди ҳодисаи “Крокус” шумораи парвозҳо аз 900 ба 422 адад поин шуд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд. 

Аз ҷумла давоми гузашта дар беш аз 10 минтақаи Русия корҳои гуногун барои муҳоҷиронро манъ карда, қонунҳои дигари ин кишварро пурзӯр карданд.

Соли 2024 дар фурудгоҳҳои Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро танҳо ба хотири риш доштан ё ба ҳаҷ рафтан ё ҳатто ба хотири “писанд нашудани чеҳра” аз ин кишвар хориҷ карда, гуфтанд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 3 ҳазору 400 муҳоҷири тоҷик ба Ватан ихроҷ шудаанд. То ҳол маълум нест, ки дар як соли пурраи 2024 чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.