Ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби содироти ин ё он маҳсулот ворид шуд, хабар дод раиси Бонки милии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода имрӯз, 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, боз 20% аз ҳаҷми интиқоли маблағ ба сифати сармояи ширкатҳо ворид шудаанд, ки ба хариду фурӯши амволи ғайриманқул машғуланд.
Холиқзода шарҳ дод, ки ин маълумот бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон аз Бонки марказии Русия гирифта шудааст.
Номбурда зикр кард, ки Бонки миллӣ доир ба интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2022 маълумоти мушаххас дода наметавонад, зеро онҳо асосан тариқи низомҳои электронӣ ворид шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки пас аз оғози низои мусаллаҳона байни Русия ва Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Русия, ҳаҷми интиқоли пул қариб 4 баробар кам шуда, лекин дар аввали нимсолаи дуюм воридоти ин маблағ барқарор шуд.
Ӯ илова намуд, ки Бонки марказии Русия низ аз соли гузашта аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад.
Қаблан созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар бораи афзоиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар соли гузашта хабар доданд.
Дар гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯи натиҷаҳои сафари навбатӣ ба ҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта зикр шуда буд, ки дарҳол баъди оғози ҷанг интиқоли пул суст шуда, лекин дар семоҳаи дуюм босуръат боло рафт.
“Ин имкон дод, ки барзиёдӣ (профитсит)-и ҳисоби ҷорӣ нигоҳ дошта шуда, захираҳои асъорӣ аз 2,5 млрд доллар дар охири соли 2021 то ба 3,4 млрд доллар дар моҳи октябри соли ҷорӣ афзоиш ёбад, ки беш аз 8 моҳи рӯйпӯши воридотро таъмин мекунад”, – зикр карданд намояндагони Хазина.
Мутахассисони Бонки авруосиёии рушд дар гузориши моҳи декабр омилҳои асосии рушди босуръати иқтисодро дар соли ҷорӣ ба ҷараёни мусбати интиқоли маблағ нисбат доданд.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар аввали моҳи декабр пешгӯӣ шуда буд, ки соли 2022 воридоти маблағ ба Тоҷикистон 3,2 млрд долларро ташкил хоҳад дод.
Қобили зикр аст, ки то соли 2022 Бонки марказии Русия дар сомонаи худ доир ба ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз рӯи кишварҳо маълумот нашр мекард, лекин пас аз оғози низои мусаллаҳона бо Русия, аз ин кор худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати боздоштани нашри чунин маълумот чизе зикр намешавад.
Соли 2021 маблағи умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил дод, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Зиёда аз 76%-и ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳудуди чоряки он – аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва/ё шахсони муқими Русия бо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) анҷом дода шудаанд. Дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо 94,3%-ашро рубл, 5,6%-ашро – доллар ва 0,1%-ашро евро ташкил медиҳад.