“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд

Сорбон – яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик 85-сола шуд. Мавсуф нависандаест, ки бо осори худ насри тоҷикро ба як зинаи нав баровард. Пажӯҳишгарон ӯро на танҳо як эҷодкор, инчунин, падидаи нодири адабӣ ном мебаранд, ки бо услуби хосаш номвар шудааст. Ба муносибати 85-солагии Сорбон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид. Ҳарчанд худи соҳибҷашн бинобар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сорбон – яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик 85-сола шуд. Мавсуф нависандаест, ки бо осори худ насри тоҷикро ба як зинаи нав баровард. Пажӯҳишгарон ӯро на танҳо як эҷодкор, инчунин, падидаи нодири адабӣ ном мебаранд, ки бо услуби хосаш номвар шудааст.

Ба муносибати 85-солагии Сорбон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид. Ҳарчанд худи соҳибҷашн бинобар вазъи саломатиаш ҳузур надошт, муҳаббати дӯстдорони адабиёт ва эҳтироми ҳамкасбонаш дар фазои маҳфил эҳсос мешуд.

Дар ин маҳфил на танҳо зиндагиномаи ӯ, ҳамчунин таъсири осораш ба адабиёти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Осори Сорбонро мунаққидон ҳам васф мекунанд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Сорбонро на танҳо як эҷодкор, инчунин, як падидаи нодири адабӣ мешуморад, ки бо услуби нотакрораш номвар гаштааст.

“Ҳеҷ лутфе нест ва бемуҳобо гуфта метавонем, ки Сорбон яке аз нависандагони беҳтарини адабиёти тоҷик аст”, – гуфт ӯ.

 

 

Аз “Гап дар дил” то “Даричаи дил”

Сорбон, ки аз солҳои 60-ум ба нависандагӣ оғоз карда, бо нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш – “Гап дар дил” – ба саҳнаи адабиёт ворид шуд, то имрӯз бо осори худ насри тоҷикро ба зинаи баландтаре расонидааст.

Сироҷиддин Икромӣ, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, таъкид мекунад, ки “Сорбон вақте ба навиштани насри реалимизми сотсиалӣ оғоз кард, ки дар ин қолаб навиштан мамнӯъ буд. Ӯ бо ҷуръати хоси эҷодӣ ва сабки худ насри моро ба марҳилаи нави адабӣ ворид кард”.

Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки роҳи эҷодии Сорбон ҳамвор набуд: “Пас аз нашри аввалин романаш – “Актёр” дар солҳои 1980-ум, бо вокунишҳои сахти мунаққидон ва ҳамқаламон рӯбарӯ шуд. Имрӯз маълум шуд, ки ин роман на танҳо яке аз беҳтарин осори Сорбон, балки яке аз романҳои беҳтарини адабиёти тоҷик аст”.

“Ман насри андеша менависам, бароям муҳим он аст, ки хонанда пас аз хондани осори ман ба фикр фурӯ равад”, – гуфтааст Сорбон дар яке аз мусоҳибаҳояш.

Аз солҳои 60-ум ба ин сӯ роману ҳикояҳои Сорбон яке паси дигар нашр мешуданд ва ҳар кадоме бо муҳтавои амиқи худ саҳме дар огоҳии ҷомеа мегузошт. Имрӯз 12 ҷилди қуллиёти Сорбон ба табъ расида, 2 ҷилди дигараш дар дасти чоп аст. Дар маҳфили 85-солагиаш романи нави ӯ – “Даричаи дил” рӯнамоӣ шуд, ки бозгӯйи андешаҳои тоза ва нигариши амиқи ӯ ба зиндагист.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо ишора ба романи нави Сорбон дар ҷашнвораи ӯ гуфт: “Боз кардани даричаи дили устод Сорбон осон нест. Худаш гуфтаст, ки “то ҳол кашф нашудаам”. Дуруст ҳам мегӯяд. Устод то ҳол бисёр андешаҳо дорад, ки рӯйи қоғаз наёвардааст”.

 

Давлати пирии Сорбон

Ҳарчанд солҳои ахир вазъи саломатии ӯ бад шуд, аммо ҳамоно бо қалам ва коғаз машғул аст. Бо вуҷуди солмандӣ, ӯ бо андешаҳои тоза ва нигоҳи амиқ ба зиндагӣ ҳанӯз ҳам саҳми худро ба адабиёти тоҷик мегузорад.

Ҳоло Сорбон дар ҳалқаи пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Тайи солҳои ахир вазъи саломатии нависанда нохуб шуд ва ҳатто як ҷарроҳии дилро паси сар кард. Ҳанӯз сарипост ва пайваста талош дорад, ки бо андешаҳои тоза ва нигоҳе амиқ ба зиндагӣ ба адабиёт саҳм гузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.