Фонди Саудии рушд ба сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар Кӯлоб 30 млн доллар ҷудо мекунад

Ҳайати Фонди Саудии рушд (SFD) таҳти роҳбарии Муҳаммад ал-Масъуд бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард. Ҳадаф аз сафар баррасии ҷараёни пешниҳоди қарзи имтиёзнок барои сохтмони роҳ дар Кӯлоб дар доираи ҳамкории мутақобила байни SFD ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ унвон мешавад. Дар ин бора дар иттилоияи нашршудаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. […]

Asia-Plus

Ҳайати Фонди Саудии рушд (SFD) таҳти роҳбарии Муҳаммад ал-Масъуд бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Ҳадаф аз сафар баррасии ҷараёни пешниҳоди қарзи имтиёзнок барои сохтмони роҳ дар Кӯлоб дар доираи ҳамкории мутақобила байни SFD ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ унвон мешавад. Дар ин бора дар иттилоияи нашршудаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Ин ҷо сари бунёди “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” сухан меравад, ки SFD барои сохтмони он дар ҳаҷми 30 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

“Масофаи роҳ 14,5 километрро ташкил дода, дар беҳбуди зерсохтори нақлиёт, таъмини ҳаракати мусофирон ва боркашонӣ нақши муҳим хоҳад дошт”, – зикр мешавад дар иттилоия.

Ғайр аз ин, амалисозии лоиҳа сатҳи пайвастагии нақлиётиро, ки ба талаботи муосир мутобиқ аст, баланд бардошта, ба рушди транзити байналмилалӣ мусоидат мекунад. Он кишварҳои Осиёи Марказиро бо Чин ва давлатҳои дигар мепайвандад.

“Дар лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи тарозу барои баркашидани бори нақлиёт ва таъминот бо техникаи роҳ пешбинӣ шудааст”, – хабар медиҳад сафорат.

Қобили зикр аст, ки бо татбиқи лоиҳаи мазкур шумори ташаббусҳои SFD дар Тоҷикистон ба 14 адад расида, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 325 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.