Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуоти имрӯз, 12 феврал дар Душанбе изҳор дошт, ки зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Русия дар соли 2024 бо истифодаи рубли Русия сурат гирифтааст. Ӯ зикр кард, ки соли 2021 тақрибан 50%-и савдои дуҷониба байни ду кишвар ба рубл ва 50%-и боқимонда ба доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуоти имрӯз, 12 феврал дар Душанбе изҳор дошт, ки зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Русия дар соли 2024 бо истифодаи рубли Русия сурат гирифтааст.

Ӯ зикр кард, ки соли 2021 тақрибан 50%-и савдои дуҷониба байни ду кишвар ба рубл ва 50%-и боқимонда ба доллар рост меомад.

Ба гуфтаи раиси БМТ, бонкҳои Тоҷикистон барои коҳиши хавфҳо кӯшиш мекунанд бо он бонкҳои Руситя ҳамкорӣ кунанд, ки таҳти таҳримҳо қарор надоранд.

Қобили зикр аст, ки тамоили тадриҷан даст кашидан аз доллар ба нафъи рубл дар гардиши молу маҳсулоти дуҷониба пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар Украина ва аз ҷониби Ғарби дастаҷамъӣ ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия оғоз гардид.

Аз он дам дар муддати се соли ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон ба мисли солҳои пешин камбуди доллар ба назар намерасад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳслуот байни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 1 млрд 982 млн долларро ташкил додааст, ки 15,6% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Ҳудуди 95,2% аз ҳаҷми савдои дуҷониба ба интиқоли молу маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон рост меояд.

Маблағи умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия каме бештар аз 96 млн долларо ташкил додааст.

Аз Русия ба Тоҷикистон молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти зарурати аввалия, масалан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоту мева, инчунин баъзе маҳсулоти минералӣ (маъдан ва консентратҳо) содир карда мешаванд.

Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия пешсаф боқӣ мемонад, ҳарчанд тайи солҳои ахир Чин ба он хеле наздик шуд. Соли 2024 ҳиссаи Русия дар гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон 22,1% ва Чин – 21,8%-ро ташкил дод.

Афзоиши гардиши молу маҳсулот бо Чин тайи солҳои ахир 30,1%-ро ташкил дод, ки қариб ду баробар зиёдтар аз Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио