Ҳушёр бошед! Қаллобон аз номи “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд

Дар саҳифаи ҷаълӣ (бардурӯғ)-и шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ (фейк) паҳн ва хидматрасониҳои шубҳанок пешниҳод мешавад. Дар ин саҳифа “хабаре” ҳаст, ки гӯиё Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ҳунарпеша Таҳмина Раҷабова барои мусоҳибааш бо блогер Ёдгор Исломбеков ба додгоҳ шикоят мебарад. Бояд гуфт, ки сомонаи мазкур ба гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳеҷ муносибате надошта, […]

Asia-Plus

Дар саҳифаи ҷаълӣ (бардурӯғ)-и шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ (фейк) паҳн ва хидматрасониҳои шубҳанок пешниҳод мешавад. Дар ин саҳифа “хабаре” ҳаст, ки гӯиё Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ҳунарпеша Таҳмина Раҷабова барои мусоҳибааш бо блогер Ёдгор Исломбеков ба додгоҳ шикоят мебарад.

Бояд гуфт, ки сомонаи мазкур ба гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳеҷ муносибате надошта, сохта (қалбакӣ) аст.

 

Аз куҷо метавон бардурӯғ (фейк) будани онро маълум кард?

1. Суроғаи сомона: сомонаи расмии «Азия-Плюс» – www.asiaplus.news. Ҳама гуна дигар доменҳо аз мо нестанд ва метавонанд аз ҷониби қаллобон истифода шаванд.

2. Маълумот барои тамос: қаллобон маълумот барои тамоси мавҷуднабуда ё сохтаро истифода мекунанд. Маълумот барои тамос бо моро дар сомона санҷед.

3. Хато ва нодурустиҳо дар тарроҳӣ (дизайн): бо вуҷуди аз ҷониби қаллобон нусхабардорӣ шудани тарҳи сомона, дар баъзе унсурҳо, аз қабили тугмаву пайвандҳо ва ҷойгиркунии мундариҷа фарқияти намоён ба назар мерасад.

4. Пешниҳодот ва иқдомҳо (аксияҳо): қаллобон бисёр вақт пешниҳоду иқдомҳои ғайривоқеиро манзур мекунанд, ки дар сомонаи расмии мо нестанд.

Мебояд гуфт, ин аввалин ҳолате нест, ки афроди нияташон нопок аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд.

Аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунем, ки ҳушёр бошед ва ба пайванду истинодҳои ба назаратон шубҳанок нагузаред. Агар бо саҳифаи ҷаълӣ дучор омадед, дар ин бора ба мо хабар диҳед. Дар амон бимонеду маълумотро дар саҳифаҳои расмӣ бисанҷед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.