Кумитаи андози Тоҷикистон қарздорони асосии худро номбар кард

Ба ҳолати 1 январи соли равон ҳаҷми умумии қарз аз пардохти андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 740,2 млн сомонӣ (ҳудуди 68 млн доллар)-ро ташкил додааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бақияи қарзҳо аз андоз дар муқоиса бо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ҳолати 1 январи соли равон ҳаҷми умумии қарз аз пардохти андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 740,2 млн сомонӣ (ҳудуди 68 млн доллар)-ро ташкил додааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бақияи қарзҳо аз андоз дар муқоиса бо аввали соли 2024 ба андозаи 65,4 млн сомонӣ кам шудааст.

“Сарфи назар аз фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳбуди хидматрасонии давлатӣ бо шакли электронӣ ва соддаву осон кардани иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз, баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ то ҳол ба риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ роҳ медиҳанд”, – иброз дошт раиси Кумита.

Давлатзода зикр кард, ки  соли 2024 Кумитаи андоз 20,5 ҳазор ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи андозро ошкор намуда, маблағи умумии ҷаримаҳои маъмурӣ 409 млн сомониро ташкил додааст.

Раиси Кумита қарздорони калонтаринро номбар кард, ки ба ҳиссаи онҳо ба сурати умум қариб нисфи қарзҳо аз андоз рост меояд.

Ӯ субъектҳои зеринро номбар кард:

– ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» – 177 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 81 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 18,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 26 млн сомонӣ;

– Кони «Фон-Яғноб» – 11 млн сомонӣ;

– ҶСК «Ангишт» – 11 млн сомонӣ.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, Феҳристи давлатии ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 аз 365,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ иборат буд, ки 15 ҳазор ё худ 4,3% зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2024 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио