Ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон афзудааст

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 665 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда (соли 203 – 555 ҷинят) ва 3194 ҷинояти аз ҷониби ҷавонон содиргардида (соли 2023 – 3020 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, нисбати волидоне, ки уҳдадориҳои худро оид […]

Asia-Plus

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 665 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда (соли 203 – 555 ҷинят) ва 3194 ҷинояти аз ҷониби ҷавонон содиргардида (соли 2023 – 3020 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати волидоне, ки уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон иҷро накардаанд ва нисбати шахсони мансабдори муассисаҳои таълимӣ 28 ҳазору 236 парванда дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ (соли 2023 – 13991 парванда) тартиб дода шудааст.

Зикр шуд, ки ҳамаи парвандаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои маъмурӣ ба додгоҳҳои шаҳру навозии ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.

Ҳамчунин вазир хабар дод, ки дар робита ба риоя нашудани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо 1228 далел (соли 2023 – 533 далел) ба қайд гирифта шудааст, ки вобаста ба ин далелҳо парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд.

Бино ба маълумоти вазир, соли 2024 дар натиҷаи 1233 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт (соли 2023 – 1111 ҳодиса) 552 нафар (соли 2023 – 519 нафар) ҳалок ва боз 1353 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1775 ҳодисаҳои сӯхтор (соли 2023 – 1269 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар (соли 2023 – 23 нафар), аз ҷумла 11 нафар ноболиғон ҳалок шудаанд. Маблағи зиён аз онҳо 43 млн 822 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио