Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал гуфт, ки Литва ба шаҳрванди Тоҷикистон Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳи сиёсӣ дода, номи ӯро аз рӯйхати пайгарди байнулмилалии "Интерпол" хориҷ кард. “Ӯ  дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар айбдор мешавад”, – зикр кард ӯ. Ба гуфтаи вазир, Саидшарифов гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллиеро, […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал гуфт, ки Литва ба шаҳрванди Тоҷикистон Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳи сиёсӣ дода, номи ӯро аз рӯйхати пайгарди байнулмилалии "Интерпол" хориҷ кард.

“Ӯ  дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар айбдор мешавад”, – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи вазир, Саидшарифов гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллиеро, ки 24 узви он ба ҳабс гирифта шуда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, роҳбарӣ мекард.

“Аз боздоштшудагон 1 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд. Ғайр аз ин, Саидшарифов ба иштирок доштан дар 10 парвандаи ҷиноятии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи муххалир гумонбар мешавад. Ӯ чандин сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад ва сарфи назар аз қарори мақомоти Литва, Тоҷикистон баҳри боздошти ӯ талош хоҳад кард”, – гуфт Раҳимзода.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, шабакаи фаромиллӣ, ки муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул буд, соли 2021 ошкор карда шуд.

Он замон сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Азизулло Абдуллоев, ки дар Русия барои қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда буд, саркардаи ин гурӯҳи фаромилии муташаккили ҷиноятӣ номида мешуд.

Аз ин гурӯҳ қариб ним тонна маводи нашъаовар мусодира шуда буд, ки яке аз миқдорҳои калонтарини маводи мухаддири мусодирашуда тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Ҳамон вақт аз ин гурӯҳ зиёда аз 473 кг маводи нашъаовар мусодира шуда буд (79 кг героин, 169 кг афюн ва беш аз 255 кг ҳашиш).

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе он замон хабар дода буд, ки арзиши маводи нашъаовари мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” ба зиёда аз 6 млн доллар баробар аст.

Ҳамчунин Раёсати ВКД-и пойтахт иттилоъ дода буд, ки ба гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҷуз Шамсулло Саидшарифов, донишҷӯи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамови 37-сола, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Самадов ва ҳамдиёри ӯ Мурод Хӯҷаеви 35-сола, инчнуин шаҳрванди Ӯзбекистон Азамат Тулаганови 48-сола шомиланд.

Аммо танҳо Саидшарифов аз 3 сентябри соли 2019 ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд (моддаи. 200 КҶ ҶТ), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  (моддаи 202), ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда (модд.262) ва қочоқ (модд. 289) мавриди пайгард эълон шуд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.