“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод

Силсилакушторҳо дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки давоми соли 2024 рух дода, ҷомеаро дар ҳолати ваҳму тарс нигоҳ дошт ва то ҳол суолҳои зиёдро аз худ боқӣ гузоштааст, аксаран ба хотири ғорати пулу моли одамон рух додааст. Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Ӯ гуфт, ҳадафи […]

Asia-Plus

Силсилакушторҳо дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки давоми соли 2024 рух дода, ҷомеаро дар ҳолати ваҳму тарс нигоҳ дошт ва то ҳол суолҳои зиёдро аз худ боқӣ гузоштааст, аксаран ба хотири ғорати пулу моли одамон рух додааст.

Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Ӯ гуфт, ҳадафи аксари ин кушторҳо “ғоратгарӣ, соҳиб шудани молу амволи хонавода ва куштани соҳибхонаҳо” мебошад.

Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо нигарониии сокинони кишварро ба миён овард.

Додситони кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо “шахсоне, ки зери гумон ҳастанд, зиёд аст”, вале шахсияти онҳо ҳоло пурра маълум нашудааст.

“Мо медонем, ки нафаре бо номе, тахаллусе дар ҳамин кор (кушторҳо дар назар аст, – аз идора) иштирок кардааст, вале то тафтишот шахсияти ӯро маълум накунад, ҳуҷҷат тасдиқ накунад, эълон кардани он шахс ҳамчун гумонбар нодуруст аст. Дар ин ҳодиса шахсоне, ки зери гумон ҳастанд, зиёд аст, мо шахсияти ҳамаи онҳоро муайян карда, мебинем, ки агар дар ин кор даст дошта бошанд, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани ҳар яки онҳоро мегузорем”, – гуфт додситони кул.

 

Дирӯз, 13-уми феврал, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки дар робита ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд каси дигар дар кофтуков қарор доранд”.

Аз ин пештар Даврон Зоҳидзода, раиси тозатаъини шаҳри Конибодом зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “боздоштшудаҳо ба хотири гумроҳ кардани тафтишот ва бо умеди ҷазои камтар гирифтан ду нафари дигарро ном гирифтаанд, ки гӯё шарики ҷиноят будаанд. Аз ин рӯ, мардум ҳанӯз шабона гирди гулхан ҳастанду “дружиначиҳо”-и ихтиёрӣ ба хотири кӯмак ба мақомот фаъоланд”.

Додистони кул имрӯз гуфт, силсилакушторҳо, махсусан куштори аъзои оила бо ноболиғон дар Конибодом ташвиши сокинони шаҳри Конибодом ва дигар манотиқи кишварро ба миён овард.

Ҳабибулло Возидзода бори дигар таъкид кард, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон ситоди тафтишотӣ ташкил шуда буд ва гурӯҳҳои тафтишотӣ бо иштироки тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Конибодом кор карда истодаанд.

Ӯ гуфт, ки ҳоло тамоми ҳаркатҳои тафтишотӣ баҳри пайдо кардани далелҳо ва исбот намудани ганаҳкории ин шахсон (4 нафаре, ки қаблан ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, – аз идора) дар ин ҷиноят ва аз ҷониби ин гурӯҳ содир шудани дигар ҷиноятҳо ҳам мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

 

Додситони кул ваъда кард, ки аз натиҷаи тафтишот баъдан ба расонаҳо маълумот пешниҳод мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Рӯзи 21-уми декабри соли гузашта, Додситонии кулли кишвар аз боздошти чаҳор гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дод ва гуфт, “ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда, алайҳи боздоштшудаҳо парванда боз шудааст”:

– Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола;

– Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола;

– Равшанов Бахтиёри 36-сола;

– Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола; 

Ҳамаи боздоштшудаҳо сокинони шаҳри Конибодом буданд.

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.

Дар иттилоияи Додситонии кул ҷузъияти боздошт, яъне чӣ гуна, дар куҷо ва бар пояи кадом далел боздошт гардидани муттаҳамон ошкор нашудааст.

Ҳоло тафтиши ин ҳодиса ба куҷо расидааст, маълум нест.

Дар бораи он ки наздикони боздоштшудаҳо чӣ мегӯянд, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио