Вазири корҳои дохила гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд нафари дигар дар кофтукованд”

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шарҳи кушторҳои пайдарпайи соли гузашта дар шаҳри Конибодом гуфт, ки то ҳол чанд гумонбар дастгир шуда, чанд каси дигар дар робита ба ин ҳодиса дар кофтуков қарор доранд. Ӯ зимни нишасти матбуотии имрӯза, 13-уми феврал гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи ҳар як ҳолат аз сӯи […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шарҳи кушторҳои пайдарпайи соли гузашта дар шаҳри Конибодом гуфт, ки то ҳол чанд гумонбар дастгир шуда, чанд каси дигар дар робита ба ин ҳодиса дар кофтуков қарор доранд.

Ӯ зимни нишасти матбуотии имрӯза, 13-уми феврал гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи ҳар як ҳолат аз сӯи Додситонии кулли кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, “гурӯҳҳои тафтишотӣ-оперативӣ якҷоя кор карда истодаанд”.

“Чанд нафар ҳамчун гумонбар дастгир ва чанд каси дигар дар кофтуков қарор доранд. Чораҳои операвтивӣ-ҷустуҷӯӣ барои кушодашавии ин ҷиноятҳо идома дорад”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Номбурда нагуфт, ки мушаххас сухан дар бораи чанд гумонбар меравад.

Қаблан, Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотии тобистони соли гузашта кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” номида, аз боздошти чанд гумонбар хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Даврон Зоҳидзод, раиси нави шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотии рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки  бо гузашти қариб 2 моҳ аз боздошти 4 гумонбар дар кушторҳои пурсарусадо то ҳол сокинони “хотирҷамъ” набуда, навбатдории шабонарӯзии сокинон дар маҳаллаҳои шаҳр давом дорад. 

Ӯ гуфта буд, ки “боздоштшудаҳо ба хотири гумроҳ кардани тафтишот ва бо умеди ҷазои камтар гирифтан ду нафари дигарро ном гирифтаанд, ки гӯё шарики ҷиноят будаанд.  Аз ин рӯ, мардум ҳанӯз шабона гирди гулхан ҳастанду “дружиначиҳо”-и ихтиёрӣ ба хотири кӯмак ба мақомот фаъоланд”.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Рӯзи 21-уми декабри соли гузашта, Додситонии куллли кишвар аз боздошти чаҳор гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дод ва гуфт, "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда, алайҳи боздоштшудаҳо парванда боз шудааст":

– Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола;

– Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола;

– Равшанов Бахтиёри 36-сола;

– Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола; 

Ҳамаи боздоштшудаҳо сокинони шаҳри Конибодом буданд.

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.

Дар иттилоияи Додситонии кул ҷузъияти боздошт, яъне чӣ гуна, дар куҷо ва бар пояи кадом далел боздошт гардидани муттаҳамон ошкор нашудааст.

Ҳоло тафтиши ин ҳодиса ба куҷо расидааст, маълум нест.

Дар бораи он ки наздикони боздоштшудаҳо дар бораи худи онҳо чӣ мегӯянд, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио