Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи маррт 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи иттиқофҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Ин моҳ шаҳрвандони кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷашнҳо, аз ҷумла, "Рӯзи модар" ва ҷашни "Наврӯз", инчунин, бо дар назар гирифтани рӯзҳои ғайрикорӣ 15 рӯз истироҳат мекунанд. Бар асоси Қонуни кишвар "Дар бораи […]

Нигина Аслонова, asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи маррт 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи иттиқофҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Ин моҳ шаҳрвандони кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷашнҳо, аз ҷумла, "Рӯзи модар" ва ҷашни "Наврӯз", инчунин, бо дар назар гирифтани рӯзҳои ғайрикорӣ 15 рӯз истироҳат мекунанд.

Бар асоси Қонуни кишвар "Дар бораи рӯзҳои ид", агар ҷашни расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат (шанбе ё якшанбе) рост ояд, пас рӯзи кории баъдӣ низ рӯз истироҳат мешавад.

Ба ин тартиб, Рӯзи модар, ки дар кишвар 8 март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост меояд, бино бар ин, сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил хоҳанд дошт.

Ҳамчунин, рӯзҳои расмии истироҳат дар Наврӯз 21, 22, 23 ва 24 март мебошанд. Азбаски 22-23 март рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳастанд, рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 29, 30 март.

Илова бар ин, моҳи Рамазон низ моҳи март оғоз гардида, охири ин моҳ анҷом меёбад. Ҳарчанд ҳоло сана оғозу анҷоми моҳи Рамазон дақиқ нест, аммо дар сурати ба 30-юми март рост омадани Иди Рамазон, рӯзи 31-уми март ҳам истироҳатӣ хоҳад буд. Аммо ин ҳоло расман тасдиқ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.