Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд

Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамоку, ки арзиши умумиашон 137 ҳазор сомониро ташкил медод, ошкор кардааст. Дар ин бора 19-уми феврал ин ниҳод иттилоъ дода, навиштааст, аз мошини Х.С, сокини Душанбе 6 навъи тамоку, аз ҷумла 1990 қуттӣ навъи “Winston”, 500 қуттӣ “Parliament”, 400 қуттӣ “Тегеа”, 100 қуттӣ “Sobranie”, 500 қуттӣ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамоку, ки арзиши умумиашон 137 ҳазор сомониро ташкил медод, ошкор кардааст.

Дар ин бора 19-уми феврал ин ниҳод иттилоъ дода, навиштааст, аз мошини Х.С, сокини Душанбе 6 навъи тамоку, аз ҷумла 1990 қуттӣ навъи “Winston”, 500 қуттӣ “Parliament”, 400 қуттӣ “Тегеа”, 100 қуттӣ “Sobranie”, 500 қуттӣ “Marlboro” ва 3 ҳазор қуттӣ “Heets” дарёфт гардидааст.

Хадамот менависад, тамокуи мусодирагардида тариқи қочоқ ва бидуни тамғаи эксизӣ бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе ворид карда шудааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, “нархи як қуттӣ маҳсулоти тамокуи навъи “Winston” 23 сомонӣ, “Parliament” 16 сомонӣ, “Тегеа” 17 сомонӣ, “Marlboro” 15 сомонӣ ва “Heets” 23 сомониро ташкил медиҳад”.

Нисбати Х.С. барои “соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” (қисми 2-и моддаи 259-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шудааст. Аммо хадамот дар хусуси дастгир гардидани шарикони ин шахс иттилоъ надодааст.

Ин банди қонун ҷарима ба миқдори аз 41 ҳазору 25 сомонӣ то 68 ҳазору 400 сомонӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол бо ҷарима ба андозаи то 37 ҳазору 500 сомониро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки дар ҳудуди кишвар интиқоли маҳсулот ба таври қочоқ ошкор мешавад. Ба гузориши Хадамоти гумрук дар соли 2024-ум 244 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизӣ, аз ҷумла 91 ҳолат вобаста ба маҳсулоти тамоку, 82 ҳолати маҳсулоти спиртӣ, 2 ҳолати маснуоти заргарӣ ва 69 ҳолати дигар молҳои зераксизӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои қувватбахш ва газнок, воситаи нақлиёти сабукрав ва чархҳои резинӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.