Муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст, – назари коршинос

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков дар сӯҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи дархости «Агроинвестбонк» ҷиҳати дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ ба бонкҳо ва аз ҷониби «Ориёнбонк» дастгирӣ ёфтани ин дархост, изҳор дошт, ки муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои […]

Парвина Ҳамидова


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков дар сӯҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи дархости «Агроинвестбонк» ҷиҳати дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ ба бонкҳо ва аз ҷониби «Ориёнбонк» дастгирӣ ёфтани ин дархост, изҳор дошт, ки муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст, зеро роҳи дигари ҳалли масъала мавҷуд нест ва агар

 

ҳукумат дархости бонкҳоро напазирад, бонкҳо маъракаи парвариши пунбадона дар соли ҷориро наметавонанд маблағгузорӣ намоянд.




Ӯ мегӯяд, дар сурати рад шудани дархост, бонкҳо маҷбур мещаванд, захираҳои худро истифода баранд, ки ин амал ба коҳиши ҳаҷмӣ сандуқи қарзӣ, захираҳои умумии қарзӣ бетаъсир буда наметавонад. Лаълбеков бар чунин назар аст, ки феълан равона кардани захираҳои ҳатмии бонкҳо ба дастгирии сохтор, ки тибқи қонун дар Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд, мувофиқи мақсад аст. «Шояд маҳз имрӯз замоне фаро расидааст, ки ин захираҳоро барои дастгирии бонкҳо истифода созем, зеро онҳо барои ҳолатҳои фавқуллодда ҳифозат мегарданд ва танҳо ба ин тариқ БМТ метавонад аз бонкҳои ҷумҳурӣ пуштибонӣ намояд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки роҳи дигаре мавҷуд нест.



Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд, ки дар бахши бонкӣ тавассути ҷалб сохтани захираву имконот ва афзоиши сармояи бонкҳо имкон дорад, ки вазъ дар бонкҳо қадре беҳтар карда шавад ва чун захираҳои дохилӣ хеле маҳдуданд, бидуни ҷалби сармоягузории созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ва

 

захираҳои беруна ин амал ғайриимкон аст.



И.Лаълбеков мутмаин аст, ки алҳол набояд асари шадидро дар низоми молиявӣ интизорӣ дошт. «Ҳукумат амалеро анҷом медиҳад: барномаи зиддибӯҳрониро таҳия сохтааст, дар бораи 200 рӯзи ислоҳот эълом кард ва иқдомҳои дигареро пеш гирифт ва ман чунин мешуморам, ки ин чорабиниҳо ба иқтисоди ватанӣ ва низоми бонкӣ кӯмак хоҳанд кард, вале ин маънои онро надорад, ки хотирҷамъ бояд шуд», – гуфт дар анҷоми сӯҳбат И.Лаълбеков.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.