Дар радабандии навшудаи “Озодӣ дар ҷаҳон” созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард.
Сатҳи озодии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 7 хол аз 100 холи имконпазир баҳогузорӣ шудааст. Дар радабандии пешина аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ аз 100 холи имконпазир 9 хол дошт.
Аз рӯи меъёри “озодиҳои сиёсӣ” ба мисли соли пеш рақами 0 зикр шудааст, ки маънои нишондиҳандаи бадтаринро дорад.
Ба ҷуз Тоҷикистон миёни “кишварҳои ноозод” ҳудуди 50 кишвар ва қаламравҳо аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон (23 балл), Қирғизистон (27 балл), Ӯзбекистон (12 балл) ва Туркманистон (2 балл), инчунин Русия (16 балл) қарор доранд.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ зери таъсири Маскав қарор дошта, вале Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз эътирофи ғасби қаламравҳои Украина ба Русия худдорӣ кардаанд ва ҳамаи онҳо ба таҳримҳои ҷоришуда зидди бонкҳои Русия риоя мекунанд.
“Ҳампаймони боэътимоди Кремл дар минтақа президенти Беларус Александр Лукашенко боқӣ мемонад, ки барои нигоҳ доштани ҳокимияти начандон қавии худ ба пуштибонии Маскав вобаста аст. Дар ҳамин ҳол, соли 2022 Беларус ба даҳгонаи кишварҳои бештар ноозоди ҷаҳон шомил шуда, барои худ рекорди таассуфовар гузошт. Пас аз Беларус танҳо Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гвинеяи Экваториалӣ, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Туркманистон, Сурия ва Судони Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд”, – зикр мешавад дар гузориш.
Муаллифони гузориш Туркманистонро (0 балл) кишвари аз ҳама ноозод медонанд. Судони Ҷанубӣ ва Сурия (1 баллӣ), Кореяи Шимолӣ ва Эритрея (3 баллӣ) доранд, ки соли гузашта дар қатори Туркманистон буданд.
Кишварҳои аз ҳама озод чун соли пешин давлатҳои Скандинавия эътироф гардида, Финландия, Норвегия ва Шветсия ба ҳадди ниҳоӣ – 100 балл гирифтаанд.
Дар гузориш ба сурати умум ба сатҳи озодӣ дар 195 кишвар, инчунин 15 қаламрави алоҳида баҳогузорӣ шудааст.