Ҷашни Тиргон дар Тоҷикистон расман ба феҳристи рӯзҳои ид шомил шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷашни Тиргон ба Феҳристи рӯзҳои ид дар ҷумҳурӣ шомил карда шавад. Иловаи дахлдор дар ин бора ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуда, онро палатаи болии парлумон маъқул донист. Ҳамасола ҷашн гирифтани Иди Тиргон дар Тоҷикистон рӯзи 1 июл муқаррар карда шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷашни Тиргон ба Феҳристи рӯзҳои ид дар ҷумҳурӣ шомил карда шавад. Иловаи дахлдор дар ин бора ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуда, онро палатаи болии парлумон маъқул донист.

Ҳамасола ҷашн гирифтани Иди Тиргон дар Тоҷикистон рӯзи 1 июл муқаррар карда шудааст.

Айни замон Феҳрист аз 93 рӯзи ид иборат аст, ки рӯзҳои зерин ғайрикорӣ, яъне истироҳат мебошанд:

– 1 январ – Соли нави мелодӣ;

– 8 март – Рӯзи Модар;

– 21-24 март – Ҷашни байнулмилалии Наврӯз;

– 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон;

– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон;

– Рӯзи Иди Рамазон (ҳамасола аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин муқаррар карда мешавад);

– Рӯзи Иди Қурбон (ҳамасола аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин муқаррар карда мешавад).

Қобили зикр аст, ки Иди Тиргон бо супориши раҳбарияти кишвар дубора эҳё гардида, шурӯъ аз соли 2023 ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2023 бори нахуст ҷашни эҳёшуда дар Тоҷикистон баргузор гардида, ба ин муносибат ҷашнвораи зардолу ва намоишгоҳи хушкмева гузаронида шуд. Имсол он чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад, ҳоло маълум нест.

Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Аз ин чашн маросиму одатҳое боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.

Тибқи суннатҳои Тиргон, айёми таҷлили он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона хурсандӣ мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио