Пагоҳ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад

Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад. Аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст. Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, пагоҳ аввалин парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе […]

Asia-Plus

Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад. Аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, пагоҳ аввалин парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе анҷом меёбад. Тавассути ҳавопаймо намояндагони соҳаи авиатсияи гражданӣ, вазорату идораҳо, аз ҷумла намояндагон Кумитаи рушди сайёҳӣ мераванд. 

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 09:00 (ба вақти Душанбе) парвоз карда, соати 13:30 (ба вақти Бишкек) ба фурудгоҳи Бишкек фуруд хоҳад омад.

Зимнан, дар сомонаи расмии ширкати "Сомон Эйр" аллакай, эълони парвозҳои Душанбе-Бишкек пайдо шудааст. Чиптаҳои парвози рӯзи 14-уми март бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.

Ба иттилои ширкати “Сомон-Эйр”, хатсайри доимӣ аз 23-уюми март оғоз гардида, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом мешавад. Вақти парвоз, аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати 14:20 аст

Давомнокии парвоз аз Душанбе то Бишкек 1 соату 30 дақиқа ва дар масири бозгашт 1 соату 20 дақиқа хоҳад буд.

Ширкат нақша дорад, ки дар ояндаи наздик шумораи парвозҳоро то ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе зиёд кунад. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Бояд гуфт, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудияти ҷониби Қирғизистон ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд.

Рӯзи 25 майи соли 2021, тақрибан ба 200 мусофири парвози чартерии «Сомон Эйр» иҷозати вуруд ба Қирғизистон надоданд ва маҷбур шуданд дубора ба Душанбе баргарданд. Моҳи июни соли 2021, ҳукумати Қирғизистон расман марзҳо бо Тоҷикистон баст, ки ин  ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар низ дахл дошт.

Ахиран, 4 марти соли 2025, дар шаҳри Душанбе мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо Одилбек Қосималиев, раиси ҳукумати Қирғизистон масъалаи барқарорсозии парвозҳои мустақим байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад ва дар доираи он ба иловаи чанд санади дигар, ҳамчунин, ҳуҷҷати муҳим оид ба сарҳад – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ байни сарони ду давлат ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.