Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз

Date:

Ташкилоти амонативу қарзии хурди LOLC Молия Наврӯзро бо тақдими ширинӣ ва табрики шаҳрвандон дар хиёбонҳои пойтахт таҷлил кард.

Дар баробари ин, иқдоми ҷолибро рӯйи даст гирифт ва маҳсулоти нав – пасандози “Муваффақият”-ро пешкаш намуд. Шартҳои ин навъи пасандоз камназир буда, фоизи даромади солонаи он 20% аст ва бо 3 ҳазор сомонӣ боз мешавад.

Ин иқдом дар доираи стратегияи асосии ташкилот – диққати сазовор ба ҳар як мизоҷ новобаста аз ҳаҷми амалиёт таҳияву пешниҳод гардид.

LOLC Молия инчунин дигар бартариятҳоро низ дорад. Аз ҷумла, ба мизиҷон бо талаботи минималӣ ва дар фурсати кам қарз пешниҳод мекунад ва шартҳои ироаи он ҳам қулай мебошанд.

Бояд гуфт, LOLC Молия яке аз ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва бонуфуз аст, ки дар 27 давлати дунё фаъолият карда, беш аз 2 миллион мизоҷ дорад. Аз ҷумла, дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон воҳидҳои сохторӣ дошта, ба аҳолӣ хадамоти молиявӣ пешниҳод менамояд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

“Ҷиҳати супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон солҳли 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ” эълон намуданд, ташкилоти мо тасмим гирифтааст, хидматрасониҳои рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро ба аҳолӣ бештар дастрас намояд. Мо барои ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба аҳолӣ қарзҳоро бо фоизи дастрас пешниҳод менамоем. Дар ташкилоти мо пасандоз бо шартҳои қулай ва даромаднокии зиёд қабул карда мешавад. Ба ғайр аз пешниҳоди қарз ва ҷалби пасандозҳо, инчунин хидматрасониҳои мубодилаи асъор, интиқоли маблағ ва пешниҳоди кафолати бонкӣ низ барои мизоҷон дастрас мебошад”, – мегӯяд Абдулфайз Мирзоев, директори тиҷоратии LOLC Молия.

Нишонии саридораи LOLC Молия дар Душанбе: хиёбони “Деҳи Боло”, 180, наздикии маҳаллаи маъруф ба “Қарияи Боло”.

Маълумоти пурра дар www.lolcmoliya.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...