Ширкати ҳавопаймоии Nordwind баҳори имсол парвозҳои мунтазамро ба Душанбе аз Самара ва Оренбург, инчунин аз Красноярск ба Бохтар оғоз мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои aviaport.ru.
Аз ҷумла, парвоз аз Самара ба Душанбе шурӯъ аз 31 март рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешавад.
Парвоз аз Самара соати 6:45 ва расидан ба Душанбе – соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвоз 3 соату 15 дақиқа давом мекунад. Аз Душанбе ҳавопаймо соати 12:30 парвоз мекунад.
Парвозҳо бо хатсайри Оренбург – Душанбе аз 30 апрел рӯзҳои якшанбе соати 8:30 муқаррар шуда, соати 11:00 ҳавопаймо ба нуқтаи таъинот фуруд меояд.
Аз пойтахти Тоҷикистон ҳавопаймо соати 12:30 парвоз карда, вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.
Дар бораи нархи билетҳо алҳол маълумот дастрас нест.
Ин ширкати ҳавопаймоии Русия аз 3 май парвозҳоро аз Красноярск ва Бохтар оғоз мекунад.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба – рӯзҳои чорашбе иҷро карда мешаванд.
Бино ба маълумоти Nordwind, парвоз дар ин самт 4 соатро вақтро дар бар мегирад.
Ёдрас мекунем, ки ба мусофирони ширкати Nordwind парвозҳо ба Душанбе аз Қазон ва Уфа низ дастрас аст.