Об набошад, ғизо ҳам намешавад. Ба Осиёи Марказӣ хавфҳоро хотиррасон карданд

Date:

Нимгуруснагӣ, фарбеҳӣ миёни кӯдакон ва осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим аз хатарҳои калидие арзёбӣ мешаванд, ки Тоҷикистон бо онҳо дучор мешавад. Чунин маълумот дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид (СММ) “Гузориш доир ба амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ-2024” рӯзи 2 апрел нашр шудааст.

Нимгуруснагӣ ва вазни зиёдатӣ

Бино ба маълумоти соли 2022, дар Тоҷикистон 13,1%-и кӯдакони синни то 5-сола бар асари камғизоӣ доимо аз норасоии рушд (қадкашӣ) азият мекашанд, ки нишондиҳандаи миёна аз лиҳози солимии ҷамъиятӣ мебошад.

Сатҳи лоғариву бемадорӣ (wasting) 9,9%-ро ташкил медиҳад, ки ин ҳам баландтар аз нишондиҳандаи ҳадафноки глобалиии 3% аст.

Бахусус афзоиши ҳолатҳои вазни зиёдатӣ нигаронкунанда аст: ин нишондиҳанда аз 4,6% дар соли 2000-ум то ба 21% дар соли 2022 боло рафт.

Об ва иқлим

Тоҷикистон низоми идоракунии захираҳои обро фаъолона роҳандозӣ мекунад. Аз соли 2020 Кодекси нави об ҷорӣ шуда, то соли 2026 анҷоми расмиёти ниҳодии идоракунии панҷ ҳавзаи об ба нақша гирифта шудааст.

Иттиҳодияҳои истифодабаранагони об дар қабули қарорҳо нақши муҳим мебозанд. Аммо кишвар бахусус ба тағйироти иқлим осебпазир боқӣ монда, бахши кишоварзӣ ҳамчун асоси таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ба партоби газҳои гулхонаӣ саҳм мегузорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ На ҳамаи аҳолии Тоҷикистон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд

Нобаробарии гендерӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон

Дар бахши кишоварзӣ занон қисмати назарраси қувваи кориро ташкил дода, лекин бисёр вақт ғайрирасмӣ, бидуни пардохти маош ва дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунанд. Бар асари дастрасии заиф ба замин ва захираҳо иштироки онҳо дар қабули қарорҳо маҳдуд аст.

Дар гузориш зарурати роҳандозии тадбирҳои маҷмӯавӣ – аз беҳбуди истеъмоли ғизо ва идоракунии захираҳои об то тавсеъаи ҳуқуқҳои занон ва мутобиқшавӣ ба иқлим таъкид мешавад.

Мушкилоти амнияти озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Сарфи назар аз сатҳи нисбатан пасти гуруснагӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, амнияти озуқаворӣ мушкил боқӣ мемонад.

Дар соли 2023, тахминан 107 млн нафар одамон (11,5%) дар минтақа бо камбуди миёна ё шадиди амният ва ғизо рӯбарӯ буданд. Ҳарчанд ин 1,5 млн нафар камтар аз соли гузашта бошад ҳам, тақрибан 24,5 млн нафар одамон дар шароити камбуди шадиди амнияти озуқаворӣ қарор доранд.

Бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ осебпазиранд. Дар ин ҷо 2,3 млн нафар (тақрибан 3%) бо талаботи ҳадди ақалли энергетикӣ таъмин нестанд. Мушкилро вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, хавфҳои иқлимӣ ва идомаи даргирҳои мусаллаҳона дар Украина амиқтар мекунанд.

Миёни тамоюлҳои мусбат – коҳиши камғизоии кӯдакон ва камхунии занон зикр мешавад. Аммо фарбеҳшавии калонсолон зиёд шуда (беш аз 20%), дар кӯдакони то 5-сола нишондиҳандаи баланди вазни зиёдатӣ (7,1%) боқӣ мондааст.

Ғайр аз ин, ҳудуди 64,3 млн нафар (6,9%) ба истеъмоли хӯроки солим имкон надоранд. Ҳарчанд ин нисбат ба нишондиҳандаи миёна дар саросари ҷаҳон камтар бошад ҳам, вале ба сурати умум рақами нигаронкунанда аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тақсими кумак дарТоҷикистон

Об калиди таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа

Дар гузориши нави ФАО (Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ) масъалаи амният дар соҳаи об, ки оби ошомиданӣ, шароитҳои беҳдошт (санитария), танзим ва самаранокии истифодаи обро фаро мегирад, ба миён гузошта шудааст.

Ба масъалаи робита байни амният дар соҳаи об ва озуқаворӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст: талаботи афзоянда ба маҳсулоти чорводорӣ фишор болои захираҳои обро пурзӯр мекунад, бахусус дар кишварҳои дорои сатҳи пасти таъминот бо об.

Миёни мушкилоти калидӣ инфрасохтори фарсудашуда, тағйироти иқлим, ифлосшавӣ, норасоии маълумот ва ҳамкории нокофии фаромарзӣ зикр шудааст.

“Ҳатто бо дастрасии маҳдуд ба об, кишварҳои минтақа нишондиҳандаҳои нисбатан пасти амнияти ғизоиро нишон медиҳанд, – мегӯяд муаллифи гузориш Тамара Наниташвили. – Аммо камбуди оби бехатар ва беҳдошт дар деҳот ба сатҳи ғизо таъсир мерасонад”.

ФАО ба сармоягузорӣ дар захиракунии об, истифодаи такрории об ва коҳиши «осори об» дар кишоварзӣ, инчунин тақвияти ҳамкории минтақавӣ даъват мекунад.

Ин санад аз ҷониби ҳафт созмони СММ, аз ҷумла ФАО, ЮНИСЕФ, Барномаи рушди СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ омода шудааст. Онҳо ба дастгирии ҳукумат ва ҷустуҷӯи қарорҳои устувор дар ҳамдастӣ бо шарикони нав изҳори омодагӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...