“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд

Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб дар гузаргоҳи Жайсан/Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд, зеро марзбонони Русия убури сарҳадро ба онҳо иҷоза намедиҳанд. Қисмате аз Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ сафар карда, қисмати дигар ба муддати чанд рӯзе аз Русия ба Қазоқистон омадаанд, то ки муҳлати будубоши қонунии худро дар Русия […]

Asia-Plus

Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб дар гузаргоҳи Жайсан/Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд, зеро марзбонони Русия убури сарҳадро ба онҳо иҷоза намедиҳанд.

Қисмате аз Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ сафар карда, қисмати дигар ба муддати чанд рӯзе аз Русия ба Қазоқистон омадаанд, то ки муҳлати будубоши қонунии худро дар Русия тамдид кунанд, лекин дар роҳи бозгашт марзбонони рус онҳоро нагузоштаанд, ки ба кишвар ворид шаванд. Дар ин бора “Настоящее время” хабар медиҳад.

Чанде аз тоҷикистониҳо ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз сарҳад видео фиристодаанд. Ба гуфтаи онҳо, назди гузаргоҳи сарҳадӣ ҳудуди 200 мошин ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, марзбони Русия интихобан маҳз шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷоза надода, сабабашро ҳам шарҳ намедиҳанд.

Бархе бар ин назаранд, ки сабаби  ҳамаи ин вазъият беамалии сафорати Тоҷикистон дар Русия аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои рӯзноманигорон посух намедиҳанд.

“Баъзе бачаҳо аллакай як ҳафта боз инҷоянд. 200 мошин истодааст, намегузарад, – гуфтааст муаллифи яке аз наворҳо. – Бубинед, мо дар чӣ ҳолатем! Ӯзбекҳову қирғизҳо гузаштанд, чунки онҳо дар сафорат одами худро доранд. Мо ҳеҷ кас надорем!”.

Ба гуфтаи тоҷикистониёни бандмонда, чанде пеш як дипломат аз Қирғизистон ба гузаргоҳи сарҳадӣ омадааст. Ӯ изҳор доштааст, ки дар сарҳад гӯиё қочоқи нуриҳои минералӣ ошкор шуда, бо ҳамин сабаб Русия назоратро шадид кардааст.

Қобили зикр аст, ки назорат аз болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзҳои Русия ҳанӯз аз охири моҳи марти соли 2022 – пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” шадид шуд. Пас аз ин дар бисёре аз фурудгоҳҳои Русия шаҳрвандони Тоҷикистони ба ин кишвар воридшуда мавриди санҷиши шадид бо шиносоии маълумот дар телефонҳо қарор гирифтанд. Аксарият бидуни шарҳи сабаб ва манъи вуруд ба Русия ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио