Дар рӯзи 8-уми маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ шаҳри Душанбе низ аз иҷрои пурра (100%)-и нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дод.
Нашрияи “Паёми Душанбе” дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ дар пойтахти кишвар хабар додааст.
Қаблан дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-у вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дода буданд.
То ҳол маълум нест, ки вилояти Суғд чанд дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардааст. Талошҳои мо барои дарёфти маълумот бенатиҷа анҷомид.
Мавсими баҳории даъват ба артиши дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуд ва он то охири моҳи май давом мекунад. Имсол тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ба артиш ҷалб мешаванд.
Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд.
Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд.
Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр мегарданд. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард? Ба саволҳои худ дар матлаби “Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед? посух гиред.


