“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи бориши шадиди борон дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст. Бархе аз заминҳои сокинони маҳаллӣ зери об монда, чанд роҳи марказӣ дар ВМКБ баста шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ додааст. Ба навиштаи манбаъ, шаби 9 ба 10-уми апрел дар натиҷаи бориши борон таҳхонаи хонаҳои се сокини […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи бориши шадиди борон дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст. Бархе аз заминҳои сокинони маҳаллӣ зери об монда, чанд роҳи марказӣ дар ВМКБ баста шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, шаби 9 ба 10-уми апрел дар натиҷаи бориши борон таҳхонаи хонаҳои се сокини ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе зери об мондааст.

Дар деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор  ду қитъаи замини сокинон ва дар деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигии чанд нафар зери об мондаанд.

Дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор оби дарёи Гурбок баланд шудааст, ки дар натиҷа қитъаи боғи як сокини маҳаллӣ зери об зер мондааст.

Манбаъ гуфтааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ чанд ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 9 -уми апрел соати 06:50, километри 478, 535 ва 576-уми роҳе, ки аз деҳаи Вазнавад ба ин ноҳия мегузарад, сел омада роҳро бастааст. Ҳоло қисман ин роҳ тоза карда шудааст ва ҳаракати нақлиёт дар роҳ байни Рӯшон ва Бартанг боздошта шудааст.

Дар шоҳроҳҳои марказии Ишкошим ва Шуғнон низ сел омада роҳро маҳкам кардааст. Ҳоло ҳарду ин роҳҳо кушода будааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва зарари молӣ ҳисоб карда мешавад.

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар баробари ин хабар дод, ки мутахассисони ин ниҳод шаби 9-уми апрел, аз соати 22:58 то 23:50 дар се самти қаламрави шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода амалиёти махсуси зиддижолавӣ гузаронидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, барои пешгирӣ аз жола 12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин корҳо бо мақсади ҳифзи зироат аз зарари жола анҷом дода шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода таъкид кардааст, ки то 11-уми апрел хатари фаромадани сангу тарма, ярч ва омадани сел дар минтақаҳои кишвар боқӣ мемонад.  Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки заҳбурҳоро тоза ва аз оқибатҳои сел пешгирӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.