Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод

Дар рӯзи 8-уми маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ шаҳри Душанбе низ аз иҷрои пурра (100%)-и нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дод. Нашрияи “Паёми Душанбе” дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ дар пойтахти кишвар хабар додааст. Қаблан дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-у вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар рӯзи 8-уми маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ шаҳри Душанбе низ аз иҷрои пурра (100%)-и нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дод.

Нашрияи “Паёми Душанбе” дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ дар пойтахти кишвар хабар додааст.

Қаблан дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-у вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дода буданд.

То ҳол маълум нест, ки вилояти Суғд чанд дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардааст. Талошҳои мо барои дарёфти маълумот бенатиҷа анҷомид.

Мавсими баҳории даъват ба артиши дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуд ва он то охири моҳи май давом мекунад. Имсол тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ба артиш ҷалб мешаванд.

Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд.

Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд.

Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр мегарданд. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард? Ба саволҳои худ дар матлаби “Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед? посух гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио