Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, хатсайрҳои нав дар масири Душанбе–Иссиқкӯл-Душанбе ва Хуҷанд–Иссиқкӯл-Хуҷанд ташкил кунанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо тасмим доранд, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе–Бишкек ва Хуҷанд–Бишкек, ки ҳоло ҳафтае як маротиба аст, бештар кунанд. Ин масъала дар вохурии Ҳабибулло Назарзода ва Бостонов Данияр,  директорони Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар он  Омуров Торокелди, директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, хатсайрҳои нав дар масири Душанбе–Иссиқкӯл-Душанбе ва Хуҷанд–Иссиқкӯл-Хуҷанд ташкил кунанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо тасмим доранд, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе–Бишкек ва Хуҷанд–Бишкек, ки ҳоло ҳафтае як маротиба аст, бештар кунанд.

Ин масъала дар вохурии Ҳабибулло Назарзода ва Бостонов Данияр,  директорони Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар он  Омуров Торокелди, директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” низ ҳузур дошт, рӯзи 15-уми апрел баррасӣ шудааст.

“Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, – навиштааст манбаъ.

Оҷонсӣ дар хусуси аз кай оғоз гардидани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе- Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл маълумот надодааст. Дар ин ниҳод гуфтанд, ин масъала дар баррасӣ қарор дорад.

Ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо дар вохӯрӣ лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Қирғизистон” имзо кардаанд.

Ин санад ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи ҳавонаварӣ ба имзо расидааст.

Парвози доимӣ дар масири Душанбе-Бишкек ва баръакс аз рӯзи 23-юми март ва  Бишкек ба Хуҷанд ва баръакс аз рӯзи 8-уми апрел амал мекунад. Парвоз аз Душанбе ба Бишкек  ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ва аз Бишкек вба Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад.

Бояд гуфт, баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи оид ба сарҳад имзо шуд ва зимни мулоқоти раисони ду ҷумҳур дар кишвари ҳамсоя эълон гардид, ки минбаъд хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек ва фаъолияти ду гузаргоҳи сарҳадӣ аз сар гирифта мешавад.

Оиди роҳҳои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафтан, таърихи баҳси марзӣ ва боз шудани сарҳад миёни ду кишвар дар матлаби “Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.