М.Убайдуллоев: Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт

Date:



           

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо соҳибкорони пойтахт изҳор дошт, ки соҳибкорон бояд баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷасурона амал намоянд ва агар фаъолияти онҳо тибқи қонун роҳандозӣ гардида бошад, ӯ ҳамеша ба дастгирӣ омода аст.





           

М.Убайдуллоев гуфт, ояндаи наздик фаъолияти «Маркази ҷавонни пойтахт» ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону тоҷирон нигаргнида шуда, он «Маркази тиҷоратии пойтахт» ном хоҳад гирифт, то ки соҳибкорон имкон пайдо намоянд дар он ҷо мушкилоти худро сарҷамъона ҳал созанд. Раиси пойтахт таъкид сохт, ки феълан мебояд истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намуд, зеро таносуби содироту воридоти ҷумҳурӣ соли гузашта 4,5 ба 95,5 дарсадро ташкил дода, маблағи содирот ба 18,2 млн. ва воридот беш аз 300 млн. доллари ИМА баробар шудааст.




           

Раиси шаҳри Душанбе аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки ба сохтмони муассисаҳои истеҳсолии нав сармоягузорӣ намоянд, зеро айни замон масъалаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мушкил аст ва тибқи маълумоти оморӣ, 40 дарсади захираҳои меҳнатии шаҳр аз фаъолият барканоранд.




           

Дар мавриди бӯҳрони молӣ М.Убайдуллоев зикр кард, ки «мо, ки низоми тоталитарии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, бӯҳрони молиро низ таҳаммул хоҳем кард». «Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ман мутмаинам, ки ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт», – афзуд раиси пойтахт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...