Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд

Намояндаҳои чанд донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷа бо мақсади ҷалби довталабони тоҷик барои таҳсил дар муасссиаҳои олии таълимии худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо то 18-уми апрел дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон имкониятҳои худро ба намоиш мегузоранд. Дар робита ба ин, дар Тоҷикистон чанд рӯз боз “Фестивал – намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷа” идома дорад, ки дар он 180 намоянда […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Намояндаҳои чанд донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷа бо мақсади ҷалби довталабони тоҷик барои таҳсил дар муасссиаҳои олии таълимии худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо то 18-уми апрел дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон имкониятҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Дар робита ба ин, дар Тоҷикистон чанд рӯз боз “Фестивал – намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷа” идома дорад, ки дар он 180 намоянда аз 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 кишвар, аз ҷумла, Амрико, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд. Фестивал 14-ум оғоз шуда, то 18-уми апрел идома меёбад.

Дар он ҳамчунин, масъулини вазорат, донишгоҳҳо ва донишҷӯёну хатмкунандагони мактабҳои кишвар ширкат мекунанд.

Мақомот мегӯянд, дар рӯзи аввали фестивал – намоишгоҳ, ки рӯзи 14-уми апрел дар “Маркази ЭКСПО–Душанбе” баргузор шуд, зиёда аз 6 ҳазор хонанда дидан карданд.

Намоиш дар шаҳри Бохтар дирӯз, 16-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар» гузашт ва дар шаҳри Хуҷанд пагоҳ, 18-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд»  мегузарад.

Ҳадафи баргузории ин фестивал густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ ва фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба ин донишгоҳҳо ва ҷалби онҳо ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ мебошад.

“Намоишгоҳи мазкур барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд,” – навиштааст манбаъ.

Дар маросими расмии кушодашавии фестивал-намоишгоҳ, ки 15-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазир, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ва сафирони чанд кишвар, масъулини донишгоҳҳои кишвар ва 82 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ширкат карданд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазору 400 донишҷӯи тоҷик дар 42 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30% онҳо духтарон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.