Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”

Мақомоти маҳаллӣ бо ишора ба як протокол аз маҷлиси ҳукумат дар моҳи январи соли равон дар бораи иҷрои нақшаи кишти пахта дар кишвар деҳқонону кишоварзонро маҷбур кардаанд, ки дар заминҳояшон пахта коранд. Дар бархе минтақаҳо ҳатто кишти гандуму ҷавро вайрон карда, талаб кардаанд, ба ҷояш “тиллои сафед” коранд. Чанде аз хонандагони “Азия-Плюс” бо ирсоли нусхаи ин […]

Asia-Plus

Мақомоти маҳаллӣ бо ишора ба як протокол аз маҷлиси ҳукумат дар моҳи январи соли равон дар бораи иҷрои нақшаи кишти пахта дар кишвар деҳқонону кишоварзонро маҷбур кардаанд, ки дар заминҳояшон пахта коранд. Дар бархе минтақаҳо ҳатто кишти гандуму ҷавро вайрон карда, талаб кардаанд, ба ҷояш “тиллои сафед” коранд.

Чанде аз хонандагони “Азия-Плюс” бо ирсоли нусхаи ин протокол аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ шикоят карданд.

“Дар ноҳияи Спитамен раиси ноҳия омада, гандуму ҷавро вайрон карда, 75% пахта кунетон гуфта, деҳқононро ғам медиҳанд. Илтимос ҳамин масъаларо дида бароед”, – навишт ба “Азия-Плюс” яке аз деҳқонон аз ноҳияи Спитамен.

Дар нусхаи протоколе, ки мақомоти маҳаллӣ ба он такя мекунанду нусхаи он дастраси мо гардид, ба сарвазир, муовини сарвазир, ёрдамчии президент оид ба масоили кадрӣ, вазири кишоварзӣ, раисону вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, инчунин, садори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист супориш шудааст, ки “бо назардошти вазъи ташвишовари соҳаи пахтакорӣ ва иҷро нагардидани дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар соли 2024 ҷиҳати ислоҳи вазъ чораҷӯӣ карда, ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд”.

Дар санад зикр шудааст, ки “дар сурати иҷро нагардидани дурнамо дар соли 2025, бо тартиби муқарраргардида чораҳои муҷозотӣ, аз он ҷумла чораҳои озод кардан аз вазифаи ишғолшуда андешанд”.

Қабл аз расонаӣ шудани ин протокол ҳам деҳқонони тоҷик нигарон буданд, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунад.

Онҳо иддао доштанд, ки барои кишти дигар зироатҳо аллакай хароҷот кардаанд, вале мақомот аз онҳо мехоҳанд, ки киштро вайрон карда, ба ҷояш пахта коранд.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш, Радиои Озодӣ ҳам наворе нашр кард, ки ба гуфтаи корбарони ин расона, "дар ноҳияи Рӯдакӣ гандуми аллакай сабзшударо вайрон карда, ба ҷояш пахта мекоранд".  

Аз Вазорати кишоварзӣ ба "Азия-Плюс" протоколи ҷаласаи ҳукумат дар моҳи январ дар робита ба иҷрои нақшаи дурнамои пахтаро тасдиқ карда, гуфтанд, вазорат вобаста ба иҷрои нақша барнома таҳия кардааст, ки дар он “ворид кардани тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим мувофиқ, кишти зери плёнка, ташкили семинарҳо бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа вобаста ба риояи агротехникаи кишту парвариш ва як қатор чораҳои дигар пешбинӣ шудааст”.

Аммо аз ин ниҳод мавҷуд будани ҳолатҳои маҷбуркунии деҳқононро барои кишти пахта рад карда, гуфтанд, "ба вазорат ягон шикоят дар ин бора ворид нашудааст".

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии охир дахолати мақомоти  маҳаллӣ ба кори деҳқононро интиқод карда, гуфта буд, “мақомоти маҳаллӣ ба дахолат дар фаъолияти деҳқонон ҳақ надорад ва мушкили кишти маҷбуриро метавон бо маблағгузории пешакӣ барои деҳқонон ва роҳандозии системаи харид ҳал кард”.

Ӯ зикр карда буд, ки кишоварзон дар интихоби кишти зироат озод буда, метавонанд пахтаро дар бозори кушод фурӯшанд.

Бояд гуфт, соли 2024 барои пахтакорони Тоҷикистон соли мушкил буд. Зеро деҳқонон бо мушкилоти иқтисодӣ ва иқлим рӯбарӯ шуда, ҳосили начандон зиёд гирифтанд. Он замон низ мушкилоти марбут ба парвариши пахта, кишти маҷбурии он ва шароити номусоиди истеҳсол аз хавфу хатарҳои асосӣ дар ин соҳа гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.