Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд

Табибону омӯзгорон, рӯзноманигорону ронандаҳои трактор ва боз як қатор мутахассисони соҳибтаҷриба, ки барои дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия ба таври соддашуда имтиёз доштанд, аз рӯйхати номгӯи ин касбу ихтисосҳо хориҷ шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзии иҷтимоии Русия иттилоъ медиҳад. Номгӯй дар ин рӯйхат аз 203 то […]

Asia-Plus

Табибону омӯзгорон, рӯзноманигорону ронандаҳои трактор ва боз як қатор мутахассисони соҳибтаҷриба, ки барои дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия ба таври соддашуда имтиёз доштанд, аз рӯйхати номгӯи ин касбу ихтисосҳо хориҷ шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзии иҷтимоии Русия иттилоъ медиҳад.

Номгӯй дар ин рӯйхат аз 203 то 29 касбу ихтисос ихтисор шудааст.

Дар номгӯй муҳандисону челонгарони самтҳои гуногун, таҳлилгарони маълумоти бузургҳаҷм, барномасозон, мутахассисони васлу насби киштиҳои металлӣ, фишоровар дар прессҳои гидравликӣ, операторони пӯшишҳои рӯшноӣ ва муҳофизатӣ, кафшергар дар мошинҳои кафшерҳои пайваст, таъмиргари сохторҳои киштӣ, мутахассисони қубурҳои киштӣ, устои барқу насби киштӣ боқӣ мондаанд.

Дар шарҳи фармон зикр шудааст, ки рӯйхати нав бар асоси талаботи кадрӣ бо иштироки вазорату идораҳои марбута, ширкатҳои бузурги давлатӣ, инчунин Оҷонсии ташаббусҳои стратегӣ таҳия шудааст. Дар лоиҳаи фармон 31 касбу ихтисос зикр шуда буд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, барои истифода аз ҳуқуқи ба таври соддашуда дарёфтани иҷозаи зист (ВНЖ) дар соли 2025, ба мутахассисони хориҷии дорои касби мувофиқ лозим аст, ки ба як қатор талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, доштани на камтар аз як сол собиқаи корӣ мувофиқи ихтисос то замони додани ариза ва риояи ҳамаи талаботи қонунгузории Русия.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 то 2023 шаҳрвандон хориҷии дорои касби серталаб дар бозори кори Русия ба дарёфти шаҳрвандӣ бо таври соддашуда ҳуқуқ доштанд. Тибқи маълумоти ВКД Русия, камтар аз 1%-и хориҷиён, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз ин ҳуқуқ истифода бурдаанд. Моҳи апрели соли 2023 ин меъёр дар якҷоягӣ бо фармони Вазорати меҳнат, ки номгӯи касбу ихтисосҳоро барои ҳуқуқи дарёфти шаҳрвандӣ ба тарзи соддашуда муайян мекард, бекор шуд.

Моҳи декабри соли 2024 ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо касбу ихтисоҳои серталаб ҷиҳати ба таври соддашуда гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) ҳуқуқ медод. Муайян кардани номгӯи чунин касбу ихтисосҳо ба дӯши Вазорати меҳнати Русия вогузор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.