Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд

Date:

Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русияр 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд. Дар ин бора Владимир Василев, раиси фраксияи “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ хабар додааст.

“Мо барои супоридани имтиҳонҳо (аз ҷониби хориҷиён) 2,5 миллиард пули иловагӣ гирифтем. 2,5 миллиард ба хазина ворид шуд, ки (қаблан) ба фасод мерафт”, – гуфтааст ин вакили парлумон.

Ӯ таъйид кардааст, ки дар низоми муҳоҷират дар Русия фасод ҷой дорад ва ба гуфтаи ӯ "бемории бузургтарин дар муҳоҷират нест, балки дар қисми ҷиноии он аст. Мо бояд бо ин (фасод дар муҳоҷират) мубориза барем”.

Тибқи муқаррароти Русия, муҳоҷирон барои дарёфти ҳуқуқи кор ва иқомат дар ин кишвар бояд аз имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Барои ин чанде пеш нархи ягона муқаррар шуд.

Ҳамин тариқ, арзиши як имтиҳон барои иҷозаи кор ё гирифтани патент 3 ҳазору 800 рубл муқарар шуда, барои гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл ва барои  онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд, нархи имтиҳон 5 ҳазору 900 рубл аст.

Ин хабар дар пасманзари талошҳои давомдори ҳукумати Русия барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират садо медиҳад. Танҳо дар як соли охир беш аз 10 қонуну тағйирот қабул гардид, ки будубош, кор ва муддати иқомати муҳоҷирон дар Русияро душвортар кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...