“Толибон” дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард

Ҳаракати "Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ ҳисобида намешавад. Додгоҳи олии Русия дархости додситони кул барои боздошти амали қарори манъи фаъолияти ҳаракати “Толибон”* дар ин кишварро қонеъ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. “Бо қарори Додгоҳи олии Русия амали қарори манъи қаблан муқарраршуда ба фаъолияти ҳаракати “Толибон”, ки ба рӯйхати федералии ягонаи созмонҳои террористӣ эътирофгардида дохил […]

Asia-Plus

Ҳаракати "Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ ҳисобида намешавад. Додгоҳи олии Русия дархости додситони кул барои боздошти амали қарори манъи фаъолияти ҳаракати “Толибон”* дар ин кишварро қонеъ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Бо қарори Додгоҳи олии Русия амали қарори манъи қаблан муқарраршуда ба фаъолияти ҳаракати “Толибон”, ки ба рӯйхати федералии ягонаи созмонҳои террористӣ эътирофгардида дохил шуда буд, боздошта мешавад”, – эълон кардааст қарорро додрас Олег Нефедов.

Қарор фавран мавриди амал қарор мегирад.

Ҷаласа пушти дарҳои пӯшида баргузор шудааст.

Тавре ки РБК хабар медиҳад, пас аз ворид гардидани тағйирот ба қонун “Дар бораи муқовимат ба терроризм” дар соли гузашта, ҳаракати “Толибон” аввалин созмоне шуд, ки аз рӯйхати террористӣ хориҷ гардид. Мувофиқи тағйирот, қарори боздошти фаъолияти созмон дар ҳолате аз ҷониби додгоҳ қабул мешавад, ки агар он фаъолияти тарғибгарии терроризм ва инчунин содир намудани чунин ҷиноятҳоро қатъ кунад.

Моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, "Толибон" дубора сари ҳокимият омада, таъсиси Амороти исломии Афғонистонро эълон кард. Аммо ин ҳеҷ як давлати ҷаҳон ин низомро ба расмият нашиност ва эътироф накард. Аз "Толибон" хоста шуд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, давлати фарогир таъсис диҳад ва намояндагони халқҳои дигарро ҳам шомили он кунад.

Дар баробари ин, робитаҳои сиёсии Русия бо “Толибон” ҳамеша барқарор буд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия бо "Толибон" робита дошта, лекин ҳукумати онро то иҷрои уҳдадориҳои сиёсӣ эътироф намекунад.

Моҳи майи соли 2024 ВКХ ва Вазорати адлияи Русия ба президент Владимир Путин хабар доданд, ки “Толибон”-ро аз феҳристи созмонҳои манъшуда хориҷ кардан мумкин аст. Мақомот зикр карданд, ки ҳаракат тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дошта, ҳокимияти воқеӣ дар кишвар аст. Президент дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ки хеле хуб маълум аст, бо Кобул муносибатҳо роҳандозӣ кардан зарур аст.

Соли 2023 “Толибон” аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Қазоқистон хориҷ шуда, моҳи сентябри соли 2024 Додситонии кулли Қирғизистон феҳристи созмонҳои манъшударо навсозӣ ва “Толибон”-ро аз он хориҷ кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.