Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд

Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русияр 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд. Дар ин бора Владимир Василев, раиси фраксияи “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ хабар додааст. “Мо барои супоридани имтиҳонҳо (аз ҷониби хориҷиён) 2,5 миллиард пули иловагӣ гирифтем. 2,5 миллиард ба хазина ворид шуд, ки (қаблан) ба фасод мерафт”, – гуфтааст ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русияр 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд. Дар ин бора Владимир Василев, раиси фраксияи “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ хабар додааст.

“Мо барои супоридани имтиҳонҳо (аз ҷониби хориҷиён) 2,5 миллиард пули иловагӣ гирифтем. 2,5 миллиард ба хазина ворид шуд, ки (қаблан) ба фасод мерафт”, – гуфтааст ин вакили парлумон.

Ӯ таъйид кардааст, ки дар низоми муҳоҷират дар Русия фасод ҷой дорад ва ба гуфтаи ӯ "бемории бузургтарин дар муҳоҷират нест, балки дар қисми ҷиноии он аст. Мо бояд бо ин (фасод дар муҳоҷират) мубориза барем”.

Тибқи муқаррароти Русия, муҳоҷирон барои дарёфти ҳуқуқи кор ва иқомат дар ин кишвар бояд аз имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Барои ин чанде пеш нархи ягона муқаррар шуд.

Ҳамин тариқ, арзиши як имтиҳон барои иҷозаи кор ё гирифтани патент 3 ҳазору 800 рубл муқарар шуда, барои гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл ва барои  онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд, нархи имтиҳон 5 ҳазору 900 рубл аст.

Ин хабар дар пасманзари талошҳои давомдори ҳукумати Русия барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират садо медиҳад. Танҳо дар як соли охир беш аз 10 қонуну тағйирот қабул гардид, ки будубош, кор ва муддати иқомати муҳоҷирон дар Русияро душвортар кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио