spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонки ҷаҳонӣ: Сарбории қарз ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) 1-уми январи соли 2023 аз 50 дарсади аввали соли 2020 то 33,3 дарсад коҳиш ёфтааст, омадааст, дар гузориши ахири Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ.

Иқтисодшиносони ин созмон интизор доранд, ки то охири соли ҷорӣ ин рақам 33,9 дарсад боло рафта, танҳо то охири соли 2025 ба сатҳи феълӣ бармегардад.

"Тоҷикистон дар хатари баланди бӯҳрони қарзӣ (асосан аз ҳисоби евробондҳо ва имкони қарздиҳии сареъи ХБА) қарор дорад", – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, дар шарҳи Бонки Авруосиёии Рушд гуфта мешавад, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон ба ММД то 1 январи соли ҷорӣ то 28,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БОР ба Тоҷикистон тавсия дод, ки раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро тезонад

Дар он гуфта мешавад, ки дар байни ҳамаи кишварҳои узви БОР қарзи давлатӣ ба ММД-и аз ҳама пасттар дар Русия (15,1 дарсад) ва Қазоқистон (24,4 дарсад) дида мешавад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки қарзи давлатии Арманистон нисбат ба ММД то 1 январи соли ҷорӣ 51,7 дарсад, Беларус – 39,9 дарсад ва Қирғизистон – 52 дарсадро ташкил медаҳад.

Эҳтимол меравад, таҳлилгарони БОР бо нишондиҳандаи 28,5 дарсад таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ММД дар назар доштанд, на қарзи давлатиро дар маҷмӯъ (сохтори қарзи давлатӣ, ба ғайр аз қарзи беруна, қарзи дохилиро низ дар бар мегирад).

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 3 миллиарду 288,3 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 28,5 дарсади ММД баробар аст.

Дар як соли охир, тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми қарзи хориҷӣ 15,4 миллион доллар коҳиш ёфта, афзоиши воқеии ММД 8 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 16 миллиард сомонӣ (1,5 миллиард доллар) афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми қарзи дохилӣ тибқи маълумоти охирини дастрас (ба ҳолати 1 июли соли 2022) 500 миллион долларро (4,7% ММД) ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...