Демографҳои Пажуҳишгоҳи Мактаби олии иқтисод (НИУ ВШЭ) теъдоди зарурии муҳоҷирон барои Русияро ҳисоб кардаанд. Ҳамин тариқ, коршиносон ба хулосае омаданд, ки барои нигоҳ доштани шумори аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 млн муҳоҷир ҷалб карда шавад.
Таҳқиқоти дахлдор дар ин бора аз ҷониби олимони Донишкадаи демографияи ба номи А. Вишневскии Пажуҳишгоҳи Мактаби олии иқтисод Валерий Юмагузин ва Мария Винник омода шудааст. Он дар маҷаллаи «Новая экономическая ассоциация» нашр шудааст, менависад lenta.ru.
Олимон зикр карданд, ки вобаста ба сенарияҳои гуногуни таваллуд ва фавт, сатҳи афзоиши солонаи ҷуброн аз муҳоҷират дар солҳои 2021-2023 бояд ба 460-1200 ҳазор нафар мувофиқат кунад. «Ин назар ба сенарияҳои воқеии муҳоҷират 2-6 маротиба ва ҳатто аз сенарияи баланди муҳоҷират 1,5-4,5 маротиба зиёдтар аст», – шарҳ доданд онҳо.
Муҳаққиқон таъкид доштаанд, ки бидуни муҳоҷирон таъмини афзоиши аҳолии Русия ғайриимкон аст. Дар шароити мусоид, агар ба як зан 2,5 кӯдак рост ояд ва умри миёнаи мардону занон мутаносибан 85,7 ва то 90,5 сол бошад, зарурати ҷараёни вуруди муътадили муҳоҷирон то соли 2036 идома ёфта, коҳиши шумори аҳолӣ то соли 2026 давом мекунад.
Дар ҳоле ки сенарияи манфӣ коҳиши сатҳи таваллудро то 1,4 кӯдак ба як зан пешбинӣ мекунад (ин нисбат ба Италия, Испания ва Юнон ҳоло ҳам баландтар аст) ва коҳиши давомнокии умри мардон ва занон мутаносибан то 74,9 ва 83,6 сол кам мешавад.
Аввали соли ҷорӣ шумори аҳолии Русия 146,45 млн нафарро ташкил дод, ки 0,5 млн нафар камтар нисбат ба аввали соли 2022 мебошад.
Моҳи феврал демограф Алла Иванова коҳиши таваллудро дар Русия ба калонсол шудани занони дар солҳои 1990 таваллудшуда марбут донист.