Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард

Бузургтарини маркетплейс (платформа ё худ майдони тиҷорати электронӣ) эълон кард, ки ба фурӯш ва расонидани бор дар Тоҷикистон оғоз мебахшад, ки шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро фаро мегиранд. Имрӯз, 19 апрел дар Душанбе ду нуқтаи супурдани фармоишҳои Wildberries бо суроғаҳои кӯчаи Лоҳутӣ, 15 ва Пӯлодӣ, 43 боз шуданд. “Бо хурсандӣ аз роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бузургтарини маркетплейс (платформа ё худ майдони тиҷорати электронӣ) эълон кард, ки ба фурӯш ва расонидани бор дар Тоҷикистон оғоз мебахшад, ки шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро фаро мегиранд.

Имрӯз, 19 апрел дар Душанбе ду нуқтаи супурдани фармоишҳои Wildberries бо суроғаҳои кӯчаи Лоҳутӣ, 15 ва Пӯлодӣ, 43 боз шуданд.

“Бо хурсандӣ аз роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон хабар медиҳем. Ин кишвар яке аз пешсафон аз лиҳози афзоиши теъдоди аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ буда, инчунин барои рушди савдои онлайнӣ имконияти зиёд дорад, – изҳор дошт молики Wildberries Татяна Ким. – Сокинони Тоҷикистон, ки бо Русия робитаҳои қавӣ доранд, бо Wildberries хеле хуб шиносанд. Вазифаи асосии мо таъмини сатҳи баланди хидматрасонӣ, инчунин дастрасӣ ба номгӯи васеи молу маҳсулот аст”.

Пагоҳ, 20 апрел нуқтаи супурдани фармоиш дар шаҳри Хуҷанд бо суроғаи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 183 низ кушода мешавад.  

Сокинони Тоҷикистон аз 19 апрел молу маҳсулоти писандидаи худро метавонанд тариқи замимаи расмӣ дар сомонаи Wildberries.tj фармоиш диҳанд. Муҳлати миёнаи бурда расонидан 7-10 рӯзро ташкил медиҳад.

Ҳамаи номгӯи молу маҳсулоти дар Wildberries пешниҳодгардида, ки 8 млн номгӯй дар категорияҳои гуногунро ташкил медиҳад, аз ҷумла сарулибосу маҳсулот барои зебоӣ ва солимӣ, лавозимоти рӯзгору оила ва молу маҳсулот барои кӯдакон дастрас аст.

Тоҷикистон 9-умин кишварест, ки маркетплейс пешниҳод гардид. Айни замон Wildberries дар бозорҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон фаъолият дошта, ҳамчунин бо тоҷирон аз Чин ҳамкорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.