spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба худдорӣ аз намоишкориву зоҳирпарастӣ даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми кишварро бо иди саиди Фитр, ки 21 апрел таҷлил мешавад, табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии худ сарвари давлат зикр кардааст, ки “бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҷиддӣ муносибат кунем.

Дар паём хотиррасон мешавад, ки инсоният аз бисёр ҷиҳат, хусусан, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ мушкилтарин давраро дар таърихи қариб садсолаи худ аз сар гузаронида истодааст.

“Бар асари гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии солҳои охир, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва маҳдудиятҳои вобаста ба онҳо мардуми сайёра ба мушкилоти ҷиддии таъминот бо маводи ғизоӣ дучор гардидаанд”, – таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Расман: Иди Рамазон дар Тоҷикистон 21-уми апрел таҷлил мешавад

Гуфта мешавад, бар асари мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон бисёр ҳассосу мураккаб шуда, сулҳу оромӣ ва ҳатто истиқлоли сиёсии давлатҳо осебпазир гардидааст.

“Дар чунин шароит мо бояд беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои милливу давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем”, – таъкид мекунад сарвари давлат.

Ӯ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҳар як оила ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

“Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро ба китобхонӣ, илму донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, техникаву технологияҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, инчунин, заҳматдӯстиву созандагӣ роҳнамоӣ кунем ва барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварем”, – омадааст дар паёми президент.

Зикр мешавад, ки дар оянда ба таври шоиста соҳибӣ кардани давлат ва ободу пешрафта гардонидани Ватан танҳо тавассути наслҳое имконпазир мегардад, ки илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи даврони пешрафт ва ҷаҳонбинии муосиру васеъ дошта, ватандӯсту ватанпараст, содиқ ба давлату миллат ва худшиносу худогоҳ бошанд:

“Мову шумо масъулу вазифадорем, ки бо талоши ватандӯстонаву заҳмати созандаи худ мунтазам беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар як оилаи мамлакатро таъмин намоем, сарзамини аҷдодӣ – Тоҷикистони биҳиштосоямонро обод кунем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”.

Дар фарҷоми паём президенти изҳори итминон кардааст, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имрӯз ба охир расида, пагоҳ, 21 апрел Иди саиди Фитр таҷлил мешавад. Намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6:30-и субҳи 21 апрел муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...